Густариши бемории cӯхтанӣ дар Суғд

Дар вилояти Суғд минтақаи бемории сӯхтанӣ (сибирская язва) густариш меёбад. Рӯзи сешанбе, 16-уми июл дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду ҳолати нави гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардухтури маркази санитариву эпидемиологии вилоят Насибҷон Икромов хабар дод. «Мутобиқи нақшаи амали тасдиқшуда, ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои […]

Шероз Шарифов


Дар вилояти Суғд минтақаи бемории сӯхтанӣ (сибирская язва) густариш меёбад. Рӯзи сешанбе, 16-уми июл дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду ҳолати нави гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардухтури маркази санитариву эпидемиологии вилоят Насибҷон Икромов хабар дод.

«Мутобиқи нақшаи амали тасдиқшуда, ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои гуногуни сироятӣ аз ҷониби маркази назорати санитарӣ-эпидемилогӣ ҳамарӯза чораву тадбирҳои тиббиву беҳдоштӣ ва байторӣ рӯйи даст гирифта мешаванд, вале сарфи назар аз ин, ҳодисаҳои мубтало гардидан ба бемории сӯхтанӣ дар ноҳияҳои Панҷакенту Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ошкор шуданд. Ҳамин тариқ, шурӯъ аз моҳи июл дар ноҳияи Айнӣ 4 ҳолат ва дар ноҳияҳои Панҷакенту Бобоҷон Ғафуров дар ҳар кадоме 2 ҳодисаи бемории сӯхтанӣ ба қайд гирифта шуданд», – зикр кард Икромов.

Ба қавли ӯ, дар ноҳияи Айнӣ 33 нафар, Панҷакент – 28 нафар ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – 6 афроди бо сарчашмаи сироят алоқадошта (ҳайвоноти сироятёфта) ошкор гардида, ин ашхос сабт ва таҳти муоинаи табибони маҳаллӣ қарор доранд.

Тибқи маълумоти расмӣ, айни замон дар се ноҳияи вилояти Суғд ҳашт ҳодисаи гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ ба қайд гирифта шудааст, ки

яке аз ин беморон

рӯзи 8-уми июл дар бемористони сироятии шаҳри Хуҷанд фавтид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.