Қирғизистон содироти дубораи сӯзишвории Русия ба Тоҷикистонро манъ кард

Ҳукумати Қирғизистон дар бораи манъи ба хориҷи кишвар баровардани маҳсулоти нафтӣ ба муҳлати 12 моҳ қарор қабул кард. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» дар яке аз мақомоти дахлдор хабар доданд, манъи содироти дубораи маводи сӯзишворӣ аз Қирғизистон аз ҷониби нахуствазири ин кишвар Жанторо Сотиболдиев ҳанӯз 17-уми майи соли 2013 ба имзо расида, танҳо нимаи […]

Заррина Эргашева


Ҳукумати Қирғизистон дар бораи манъи ба хориҷи кишвар баровардани маҳсулоти нафтӣ ба муҳлати 12 моҳ қарор қабул кард.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» дар яке аз мақомоти дахлдор хабар доданд, манъи содироти дубораи маводи сӯзишворӣ аз Қирғизистон аз ҷониби нахуствазири ин кишвар Жанторо Сотиболдиев ҳанӯз 17-уми майи соли 2013 ба имзо расида, танҳо нимаи моҳи июл дар ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон қарор гирифтааст.

Дар

сомонаи расмии

ҳукумати Қирғизистон сабаби қабули қарор «бо мақсади роҳ надодан ба камбуди шадид ва афзоиши нархҳо дар бозори дохилии маҳсулоти нафтӣ» маънидод мешавад.

Тибқи қарор, манъи содирот танҳо ба маҳсулоти нафтии Русия мансуб аст, ки бидуни пардохти боҷи содиротӣ ба Қирғизистон ворид гардида, сипас асосан ба Тоҷикистон ва як миқдоре ба Афғонистон низ дубора содирот мешаванд. Дар қарор зикр мегардад, ки ба хориҷи кишвар баровардани маҳсулоти нафтии худи Қирғизистон манъ нест, вале маҳдуд карда шуда, бояд тариқи роҳи оҳан ва ҳамчунин роҳи мошингард дар ҳайати қатораи на камтар аз 10 автомашина ва танҳо бо барасмиятдарории гумрукӣ сурат гирад.

Бино ба маълумоти оморӣ, ахиран ҳаҷми маҳсулоти нафтии аз Қирғизистон ба Тоҷикистон воридмешуда дар ҳоли афзоиш қарор дошта, тайи се моҳи ахир дар масъалаи воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ Қирғизистон пешсаф мебошад.

Аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли равон, ҳиссаи маҳсулоти нафтии аз Қирғизистон воридшуда дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон 40,8%-ро ташкил медиҳад ва ин ҳам дар ҳолест, ки ин кишвар истеҳсолкунандаи маҳсулоти нафтӣ набуда, дар ин масъала худаш комилан ба Русия вобаста аст. Барои муқоиса – нимсолаи аввали соли гузашта ҳиссаи Қирғизистон дар воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ҳамагӣ 3,3%-ро ташкил дода буд.

Ҳиссаи Русия дар бозори воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли равон 40%-ро ташкил дод. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 61,9% баробар буд.

Тайи 6 моҳи соли равон ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 183 ҳазору 194 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 14,3 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.

Қобили зикр аст, ки моҳи феврали соли равон Русияву Тоҷикистон дар бораи таҳвили маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 млн. тонна дар як сол бидуни пардохти боҷӣ содиротӣ созишнома ба имзо расониданд ва ҳамин сол Тоҷикистон бояд ба воридоти он шурӯъ мекард, вале то ҳанӯз замони мавриди амал қарор гирифтани ин созишнома маълум нест.

Сарфи назар аз ин, арзиши бензин дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории Тоҷикистон тадриҷан поин меравад. Имрӯз дар нуқтаҳои фурӯши шаҳри Душанбе 1 литр бензини навъи АИ-92 6 сомонӣ арзиш дорад ва ин ҳам дар ҳолест, ки аввали сол нархи он 6,80 сомониро ташкил медод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон