Омодагии Вазорати меҳнат баҳри кӯмак ба ҳамсари бевамондаи собиқадори ҶБВ

Ба нафақахӯр, ҳамсари бевамондаи собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Любов Маркова, ки нисбаташ суди ноҳияи Синои пойтахт оид ба аз хонаи давлатӣ рондан қарор содир намуд, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ кӯмак карда метавонад. Дар ин бора дар мусоҳибаи имрӯза ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали вазири меҳнат ва ҳифзи аҳолии ҷумҳурӣ Эмин Сангинов […]

Маҳпора Киромова


Ба нафақахӯр, ҳамсари бевамондаи собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Любов Маркова, ки нисбаташ суди ноҳияи Синои пойтахт оид ба аз хонаи давлатӣ рондан қарор содир намуд, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ кӯмак карда метавонад. Дар ин бора дар мусоҳибаи имрӯза ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали вазири меҳнат ва ҳифзи аҳолии ҷумҳурӣ Эмин Сангинов хабар дод.

Ба гуфтаи вай, Вазорат Марковаро ба хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода сафарбар карда метавонад, зеро дигар фонди манзилӣ надорад. «Маъмулан пиронсолони якккаву танҳоро мо дар хонаҳои пиронсолон ҷой медиҳем, масъалаи таъминот бо манзили алоҳидаро бошад, ҳукумати шаҳр ҳал мекунад», – иброз дошт ӯ.

Ба саволи тақдири минбаъдаи ду нафар кӯдакони маъюби зан дар сурати ба холнаи пиронсолон сафрбар шудани нафақахӯр муовини вазир посух дод, ки агар синнусоли онҳо аз 16 зиёд набошаду соҳиби касбе набошанд, вазорат ба таҳсили онҳо дар литсеё барои маъюбон кӯммак расонида метавонад.

«Дар литсей барои маъюбон тамоми шарити будубош, аз ҷумла таъминот бо ғизову хобгоҳ мавҷуд аст, вале агар кӯдакон хурдсол буда, ба муолиҷа ниёз дошта бошанд, Вазорат онҳоро ба МД «Маркази миллии тавонбахшӣ барои кӯдакон ва наврасони «Чорбоғ»-и ноҳияи Варзоб сафарбар карда метавонад», – афзуд Сангов.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл суди ноҳияи Синои пойтахт дар бораи аз манзили давлатии иҷора

рондани нафақахӯр Любов Маркова

, ҳамсари бевамондаи собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ қарор содир намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.