Суғд: Маҳкумияти аъзои созмони «Ҷундуллоҳ» ба муҳлатҳои зиёди зиндон

Дар минтақаи шимоли кишвар аъзои нахусти ҷамъияти ифротгарои «Ҷундуллоҳ» («Ҷанговарони Аллоҳ» – гурӯҳи ҳарбии покистонӣ) ба муҳлатҳои зиёди зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шуданд. Дар ин бора зимни нишасти хабарии имрӯза прокурори ноҳияи Суғд, генерал-майори адлия Шариф Қурбонов хабар дод. Ӯ зикр кард, ки чанде қабл суди ноҳияи Ашт баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати ду нафар сокинони […]

Мавлуда Рафиева


Дар минтақаи шимоли кишвар аъзои нахусти ҷамъияти ифротгарои «Ҷундуллоҳ» («Ҷанговарони Аллоҳ» – гурӯҳи ҳарбии покистонӣ) ба муҳлатҳои зиёди зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шуданд. Дар ин бора зимни нишасти хабарии имрӯза прокурори ноҳияи Суғд, генерал-майори адлия Шариф Қурбонов хабар дод.

Ӯ зикр кард, ки чанде қабл суди ноҳияи Ашт баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати ду нафар сокинони деҳаи Чигдаи ҷамоати Қирқудуқ Адҳам Абдуллоеви 27-сола ва Содиқ Туробови 20-соларо ба итмом расонид.

«Суд ин ҳардуро дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 187, қ. 2 (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ), 307, дараҷ. 2, қ 2 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгаро) ва 307, дараҷ. 3, қ. 2 (Иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ) гунаҳкор эътироф намуда, Адҳам Абдуллоевро ба муҳлати 20 сол ва Содиқ Туробовро ба муҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум намуд», – иброз дошт номбурда.

Қурбонов таъкид дошт, ки аз ҷониби суд алоқамандии онҳо ба ҷамъияти ифротгарои «Ҷундуллоҳ» собит карда шудааст.

Ба қавли номбурда, зимни дар Русия қарор доштан, онҳо нахуст ба сафи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва сипас ба сафи ҷамъияти ҷиноятпешаи «Ҷундуллоҳ пайвастаанд.

«Ҳангоми бозгашт ба ватан аввали соли равон онҳоро кормандони прокуратураи вилоят ва Раёсати ВКД дар вилояти Суғд боздошт намуда, муайян карда шудааст, ки онҳо ба таблиғи афкору мақсадҳои ин ҷамъияти ҷиноятпеша машғул будаанд. Гузашта аз ин, Абдуллоев дар Вазиристони Покистон таълим гирифтааст», – афзуд прокурори вилоят.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.