Вазорати меҳнат: Раиси «Барқи тоҷик» барои боздошти пардохти маош сабукдӯш шуд

Зимни нишасти хабарии имрӯза сардори Хадамоти назорати меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат ва ҳифзи аҳолии ҶТ Наврӯз Самадов дар робита ба аз мансаби раиси ШСХК «Барқи тоҷик» сабукдӯш шудани Абдулло Ёров изҳор намуд, ки ӯ бо сабаби боздошти пардохти музди меҳнат ба кормандони ширкат муддати якчанд моҳ аз кор озод шудааст. Дар посух ба […]

Маҳпора Киромова


Зимни нишасти хабарии имрӯза сардори Хадамоти назорати меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат ва ҳифзи аҳолии ҶТ Наврӯз Самадов дар робита ба аз мансаби раиси ШСХК «Барқи тоҷик» сабукдӯш шудани Абдулло Ёров изҳор намуд, ки ӯ бо сабаби боздошти пардохти музди меҳнат ба кормандони ширкат муддати якчанд моҳ аз кор озод шудааст.

Дар посух ба саволи журналистон оид ба тасдиқ далели ҷой доштани мушкилоти якчанд моҳ пардохт нашудани музди меҳнат ба кормандони ширкати «Барқи тоҷик», Самадов зикр кард, ки чунин далел ҷой дошт ва раҳбарияти энергохолдинг муддати 3-4 моҳ маоши кормандонашро пардохт накардааст.

«Тавре ки ба Шумо маълум аст, дар ин робита роҳбари ширкати «Барқи тоҷик» аз кор озод карда шуд. Мо маълумотеро дар ихтиёр дорем, ки мувофиқи он гӯё маош бинобар сабаби таъхир аз ҷониби бонк пардохта нашудааст ва айни замон ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор додаем», – афзуд Самадов.

Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи гузашта мувофиқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, Абдулло Ёров бинобар вазъи саломатиаш аз вазифаи раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» озод карда шуд.  Бо қарори дигари ҳукумати ҷумҳурӣ Аслӣ Назаров раиси ширкати «Барқи Тоҷик» таъин карда шуд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.