Гаштугузори Э.Раҳмон дар Душанбе бидуни муҳофизон ва шиносоии ӯ бо вазъи шаҳр

Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо автомашинааш дар шаҳри Душанбе ва чанде аз ноҳияҳои наздики он гаштугузор намуд. Сардори хадамоти матбуоти сарвари давлат Абдуфаттоҳ Шарифзода ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ба ин васила президенти мамлакат шахсан бо вазъи ободонӣ ва тозагии пойтахту ноҳияҳо аз наздик шинос шуд. «Ин бори аввал нест, ки президент […]

ASIA-Plus


Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо автомашинааш дар шаҳри Душанбе ва чанде аз ноҳияҳои наздики он гаштугузор намуд.

Сардори хадамоти матбуоти сарвари давлат Абдуфаттоҳ Шарифзода ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ба ин васила президенти мамлакат шахсан бо вазъи ободонӣ ва тозагии пойтахту ноҳияҳо аз наздик шинос шуд.

«Ин бори аввал нест, ки президент дар мошини шахсиаш бидуни муҳофизе дар шаҳр ва манотиқи наздики он гаштугузор мекунад, то ки бо вазъи шаҳру маҳалҳо аз наздик ошно гардад. Чунин гаштугузорҳо қаблан ҳам сурат мегирифтанд. Тамоми мушкилоти мушоҳидашуда сипас аз ҷониби президент дар машваратҳои корӣ баррасӣ мешуданд», – зикр кард Шарифзода.

Дар ҳамин ҳол, ба андешаи бархе аз мушоҳидакорон, сарвари давлат ҳарчи бештар аз воқеъият дур шуда, аз маълумоти боэътимод бобати мушкилоти мардуми тоҷик бархӯрдор нест, зеро мансабдорони давлатӣ ҳама чизро назди президент дар ҳоли «шукуфоӣ» пешниҳод мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.