12 сол қабл риштаи ҳаёти Карим Юлдошев мудҳишона канда шуд

Date:


Расо 12 сол қабл, субҳи 17-уми июли соли  2001 Карим Юлдошев – мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба масоили байнулмилалӣ ва сиёсӣ дар шаҳри Душанбе, дар назди даромадгоҳи манзили истиқоматиаш (дар назди Қарияи боло) кушта шуд.

Мавсуф ба сару синааш аз таппонча се тир хӯрда, ҷароҳати вазнин мебардорад ва ба ҳуш наомада, дар шӯъбаи эҳёи Дармонгоҳи Ҷумҳурияв мефавтад. Он вақт Карим Юлдошеви 60-сола яке аз шахсиятҳои муҳими давр миёни наздикони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон буд.

Он замон Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар чандин фарзияи қазияи марги ӯро баррасӣ карданд. Тибқи яке аз онҳо, куштор метавонист ба фаъолияти касбии мушовир рабт дошта бошад. Мавсуф дар коркарду таҳияи асноди муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон саҳм дошт ва ба қабули қарорҳо дар масоили мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар муносибот бо давлатҳои ҳамсоя таъсир мегузошт.

Аз қатли мушовири давлатӣ воқиф гардида, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамон замон сафараш ба ВМКБ-ро қатъ карда, фавран ба пойтахт баргашт ва маҷлиси оҷилии мушатраки Шӯрои амният ва Ҳукумати Тоҷикистонро гузаронид.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурӣ куштори Юлдошевро як амалиёти террористӣ арзёбӣ карданд.

То имрӯз супоришгар ва иҷрокунандагони ин куштори пурсарусадо дастгир нашудаанд.

Мушовири калони президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ, муаррихи маъруфи тоҷик ва рӯзноманигор Саидзода Зафар Шералӣ дар сӯҳбат бо Хабаргузории «Азия-Плюс» зикр кард, ки ду сол қабл бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Карим Юлдошев бо некномӣ ёд мебарад, намояндагони Дастгоҳи иҷроия сарвари давлат ба шаҳраки 91-уми пойтахт рафта, аз аҳволи ҳамсар, фарзандон ва наберагони ӯ хабар гирифтанд, ба хонаводаи марҳум кӯмак расонидаанд.

«Ман марҳумро чун дипломати ҳирфаӣ, ки ҳанӯз дар даврони мактаби дипломатии шӯравӣ соҳиби матонат шуда буд ва ба хубӣ аз уҳдаи масоили сиёсӣ мебаромад, эътибори баланд дошт, ба ҳайси як инсони оддӣ ва хоксор, ки дӯстдори карруфар ва худнамоӣ набуд, ба ёд дорам. Ӯ кӯшиш мекард, одами ноаён бошад ва дар бораи сарват ва манфиати шахсӣ фикр намекард», – зикр кард Саидзода.

Ба гуфтаи ӯ, Карим Юлдошевич нахустин мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба масоили байналмилалӣ ва сиёсӣ буд ва дар ин самт пешоҳанг ҳисобида мешуд. Ба ӯ лозим омад, ки дар ин вазифааш дар замони вахимтарин ва хатарноктарин кор кунад.

«Карим Юлдошевич, ба эътиқоди ман, мушовири сохта не, балки мушовири врқеии президент буд. Ба ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон таъсири воқеӣ дошт. Вай бо вазири онвақтаи корхои хориҷии Тоҷикистон, академик Талбак Назаров дӯстони хуб буданд ва ин муносиботи дӯстонаашон ба фаъолияти самарбахши низоми сиёсати хориҷии давлат асари мусбат мебахшиданд», – таъкид кард Саидзода.

Вай ҳамчунин ёдовар мешавад, ки ба қалами Карим Юлдошев китобчаи сисаҳифаинае  таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – асосгузори сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи Тоҷикистони соҳибистиқлол» тааллуқ дорад, ки баъд аз марги фоҷианокаш ба табъ мерасад. Ин китобча то кунун дар доираҳои илмӣ ва дипломатии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо серхонанда аст.

«Солҳои 1995 то 2001, вақте котиби матбуоти президенти Тоҷикистон будам, ҳамарӯза бо Карим Юлдошев робитаи наздики корӣ доштам. Муошират бо он кас осон, ҳаловатбахш ва омӯзанда буд. Иттилоъе, ки дафтари матбуотӣ дар бораи гуфтушуниди сарвари давлат интишор мекард, бо иштироки ӯ баргузор гашт ва бо сареъияту саҳеҳ буданаш фарқкунанда буд. Юлдошев ба он мусоидат кард, ки ман, ба ҳайси котиби матбуоти президент, бевосита дар ҷараёни музокирот ва мулоқоти сарвари давлат ширкат варзидам. Ӯ аз уҳдаи таҳияи иттилоооти ҷолиб, пурмуҳтаво ва саҳеҳ баромада метавонист. Он солҳо баргузории ҷаласаҳои матбуотӣ баъд аз мулоқоту вохӯрӣ ва музокироти президент падидаи маъмулӣ буданд ва ба ҳамин ҳам марҳум К. Юлдошев муосидат кардааст»,- таъкид кард Саидзода.

Ӯ гуфТ, ки К. Юлдошев ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардида буд

«Шахсан ман чунин мешуморам, ки имрӯз фурсати он расида, ки ӯро бо ҷоизаи баландтари давлатӣ, мутаасифона, бо пешванди «баъд аз фавт» сарфароз гардонем»,- хулоса кард Саидзода.

Карим Юлдошев 1-уми январи соли 1940 дар шаҳри Ангрени Вилояти Тошканди Узбекистон чашм ба дунёи ҳастӣ кушодааст. Соли 1965 факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистонро хатм мекунад. Аз соли 1965 дар як қатор кишварҳои арабӣ ба ҳайси тарҷумон кор кардааст. Солҳои 1975-85 корманди Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии ИҶШС буд. Дар солҳои 1985-91 ба корҳои ҳизбӣ банд буд. Солҳои 1991-94 мудири шӯъбаи робитаҳои байналҳалқии дастгоҳи президенти ҶТ, раҳбари дастгоҳи кории камиссияи кабинаи вазирон оид ба робитаҳои хориҷӣ ва иқтисодӣ буд. Дар соли  1994 ба ҳайси мушовири асосии раисҷумҳури адои вазифа кард. Аз 9-уми декабри соли 1994 Мушовири давлатии президенти ҶТ оид ба масоили байналмилалӣ ва сиёсӣ, ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори ҶТ буд. Дар таърихи 17-уми июли соли 2001 дар даромадгоҳи манзили истиқоматиаш кушта мешавад. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related