Мансуров: Даъвои алайҳи Тутубалина ба суди иқтисодӣ ҳам дахл дорад

Раиси Суди олии иқтисодии ҷумҳурӣ Наим Мансуров бар ин назар аст, ки аризаи даъвогии намояндагони зиёиён нисбати муҳаррири ҳафтавори «Азия-Плюс» Олга Тутубалина ҳам ба салоҳияти суди иқтисодӣ ва ҳам ба салоҳияи суди умумӣ дохил мешавад. «Ин даъво ба суди иқтисодӣ низ дахл дорад, вале то куҷо он асоснок шудааст, мо алҳол намедонем», – иброз дошт […]

Пайрав Чоршанбиев


Раиси Суди олии иқтисодии ҷумҳурӣ Наим Мансуров бар ин назар аст, ки аризаи даъвогии намояндагони зиёиён нисбати муҳаррири ҳафтавори «Азия-Плюс» Олга Тутубалина ҳам ба салоҳияти суди иқтисодӣ ва ҳам ба салоҳияи суди умумӣ дохил мешавад.

«Ин даъво ба суди иқтисодӣ низ дахл дорад, вале то куҷо он асоснок шудааст, мо алҳол намедонем», – иброз дошт имрӯз зимни нишасти хабарӣ Н.Мансуров.

Ӯ зикр кард, ки қарор дар бораи қабули арзиаи даъвогиро мутобиқи моддаи 30-и Кодекси мурофиавии иқтисодӣ танҳо судя қабул мекунад.

Дар ҳамин ҳол, дар номаи имрӯз ба идораи ҳафтавори «Азия-Плюс» расида аз намояндаи даъвогар Рустам Устобоев зикр мегардад, ки бинобар сабаби пешниҳоди даъво бо забони русӣ, Суди иқтисодии Душанбе аз 11 июли соли равон бо таъиноти худ аризаи даъвогиро бидуни баррасӣ боқӣ гузоштааст.

Ба гуфтаи адвокат, барои бартараф намудани камбудиҳо ба даъвогар то 22-юми июли соли ҷорӣ муҳлат дода шудааст. «Аризаи даъвогӣ ба истеҳсолот қабул шуда, вале бинобар сабаби бо забони русӣ пешниҳод шудани он, ариза бояд бо забони давлатӣ пешниҳод гардад», – зикр кард Устобоев.

Ба нома таъиноти Суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо имзои судя Фаррух Хоҷаев замима шудааст, ки дар он оид ба боздоштани баррасии аризаи даъвогӣ сухан меравад.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл иттилоъ дода будем, ки суди иқтисодии шаҳри Душанбе даъвои намояндагони зиёиён нисбат ба муҳаррири ҳафтавори «Азия-Плюс» Олга Тутубалинаро

рад кард.

Қобили зикр аст, ки намояндагони зиёиён нисбати муҳаррири ҳафтавори «Азия-Плюс» Олга Тутубалина оид ба ҳифзи шаъну эътибор ва мартабаи корӣ ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аризаи даъвогӣ пешниҳод намуда, дар он дархост намуданд, ки аз ҷавобгар ва ҳамҷавобгар (ҳафтавори «Азия-Плюс») барои расонидани зарари маънавӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ ситонида шавад. Даъвогарон ҳамчунин таъини ташхиси судии лингвистӣ ва ҷиҳати таъмини даъво ҳабси амволи манқул ва ғайриманқули Олга Тутубалинаро низ хоҳиш карданд. Даъво ба мақолаи Тутубалина дар ҳафтавор таҳти унвони «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» (Неинтелегентно об интеллигенции) асос ёфтааст.

Даъвогари асосӣ Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон ва ҳамдаъвогарон Академияи улуми ҶТ, Иттиҳоди рассомон, Иттиҳоди оҳангсозон, Иттиҳоди меъморони Тоҷикистон ва номзади улуми тиббӣ, корманди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Дилбар Абдиева мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.