Президент ҳалли мушкилоти молии «Тоҷик Эйр»-ро супориш дод

Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва раисони ноҳияҳои пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он машварати корӣ доир намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар машварат масоили вобаста ба вазъи молиявию иқтисодии муассисаҳо ва ширкатҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ, корҳои ободонию созандагӣ […]

ASIA-Plus


Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва раисони ноҳияҳои пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он машварати корӣ доир намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар машварат масоили вобаста ба вазъи молиявию иқтисодии муассисаҳо ва ширкатҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ, корҳои ободонию созандагӣ ва рафти кишти такрорӣ баррасӣ шуд.

Доир ба маъалаи вазъи молиявию иқтисодии муассисаҳо ва ширкатҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ ахбори вазири нақлиёти кишвар ва роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоию фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе шунида шуд. Тавре зикр гардид, танҳо 47% мусофиркашонии ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон тавассути ширкатҳои ватанӣ амалӣ мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон ба ҳолати начандони хуби молиявию иқтисодии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии Тоҷикэйр таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ба масъулин дастур дод, ки доир ба бартараф намудани камбудию монеаҳои мавҷуда чораҳои муассир амалӣ намоянд. Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба беҳтар намудани хизматрасонӣ, ҷалби бештари муштариён ба ширкатҳои ватанӣ ва вусъат додани сохтмони терминали нави фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ва беҳсозии ҳолати фурӯдгоҳҳои дигар шаҳрҳо дода шуд.

Ба иттилои манбаъ, президенти кишвар доир ба вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ аз ҷумла дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Ба раисони шаҳру ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки доир ба ободу зебо кардани ин минтақа, хусусан кабудизор намудани ду паҳлӯи роҳҳои мошингарди байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва байниноҳиявӣ аз тамоми имконоти мавҷуда пурсамар истифода баранд.

Зимни ахбори вазири кишоварзӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки то имрӯз аз ҷониби хоҷагиҳои ҷамъиятии кишвар дар майдони 56 ҳазору 500 гектар кишти такрорӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин баробар ба 70% дурнамо мебошад. Сарвари давлат дар ин робита таъкид дошт, ки ҳар як ваҷаб замини обӣ бояд пурсамар истифода шуда, ду ва зиёда ҳосил рӯёнда шавад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.