Ш.Абдулҳамидов: Ба масъалаи сабукдӯшии сархатиби Восеъ ҳеҷ муносибате надорам

Мудири шуъбаи умури дини минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Шариф Абдулҳамидов дар робита ба қазияи аз мансаб сабукдӯш шудани сархатиби ноҳияи Восеъ Убайдулло Ҳасанов ва дар ин кор дахолат доштанаш, қотеъона изҳор намуд, ки ӯ ба ин масъала ҳеҷ муносибате надорад. Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ӯ зикр кард, ки «дар масъалаи тасдиқ ё аз […]

Турко Дикаев


Мудири шуъбаи умури дини минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Шариф Абдулҳамидов дар робита ба қазияи аз мансаб сабукдӯш шудани сархатиби ноҳияи Восеъ Убайдулло Ҳасанов ва дар ин кор дахолат доштанаш, қотеъона изҳор намуд, ки ӯ ба ин масъала ҳеҷ муносибате надорад.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ӯ зикр кард, ки «дар масъалаи тасдиқ ё аз кор озод кардани сархатиб ҳеҷ муносибате надорад» ва бидуни дахолат ба ҳаёти шахсии ходимони иншооти динӣ, танҳо ба мутобиқати фаъолияти ташкилотҳои динӣ ба қонунгузории ҷумҳурӣ назорат мекунад.

«Агар сархатиб гунаҳкор бошад ҳам, бигзор айбро аз худаш донад, зеро дар мулоқот бо ходимони дин президентро ба гумроҳӣ андохт», – зикр кард номбурда.

Ба қавли ӯ, дар мавриди норасоии масҷидҳо, ки дар мулоқот бо президент Ҳасанов ба он ишора намуд, дар ноҳияи Восеъ ҳеҷ мушкилие ҷой надорад.

«Дар ноҳияи Восеъ дар маҷмӯъ 58 масҷид, аз ҷумла 12 масҷиди ҷомеъ ва 5-тои он танҳо дар шаҳракаи Восеъ амал мекунанд ва ба иловаи он, сохтмони масҷиди марказии ҷомеъи ноҳия низ дар арафаи анҷомёбист, вале бинобар сабаби мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои зарурии техникӣ, алҳол ба ибодат дар он иҷозат дода нашудааст», – гуфт Ш.Абдулҳамидов.

Мудир ҳамчунин гуфт, «сархатиб Ҳасановро дар Шӯрои имомхатибони 12 масҷиди ҷомеъ аз кор озод карданд, ки худи сархатиб ҳозир будан дар ин Шӯроро зарур надонистааст».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.