ХФМ Русия гуноҳи худро ба гардани муҳоҷири тоҷик бор карданӣ шуд

Кормандони шуъбаи дар ноҳияи Ленини шаҳри Москва будаи Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия барои нодуруст пур кардани патенти иҷозати кор шаҳрванди Тоҷикистон, сокини ноҳияи Қумсангир Ҷумъаназар Алимовро дар ҳаҷми 5 ҳазор рубли русӣ ҷарима карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, Ҷ.Алимов ба ин тасмим […]

ASIA-Plus


Кормандони шуъбаи дар ноҳияи Ленини шаҳри Москва будаи Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия барои нодуруст пур кардани патенти иҷозати кор шаҳрванди Тоҷикистон, сокини ноҳияи Қумсангир Ҷумъаназар Алимовро дар ҳаҷми 5 ҳазор рубли русӣ ҷарима карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, Ҷ.Алимов ба ин тасмим розӣ нашуда, ба намояндагӣ муроҷиат кардааст, ки дар ҳалли мушкилаш кӯмак расонанд.

«Барои ҳалли ин масъала Намояндагӣ    бо ҷалби ҳимоятгар Осиб Файзуллоев муайян кард, ки нисбат ба муҳоҷири меҳнатӣ талаботи  ғайриқонунӣ татбиқ шудааст. Баъд аз баррасии ҳамаҷонибаи масъала исбот карда шуд, ки зимни ба расмиятдарории патент беэътиноӣ аз ҷониби  худи кормандони шуъбаи ХФМ ба амал омада, бо дарназардошти муайянсозии  ҳамаи омилҳо, ҷаримаи муқарраргардида  нисбат ба муҳоҷир бекор ва  патент дода шуд», – иброз дошт номбурда.

Ба қавли вай, ҳамчунин бо мусоидати Намояндагӣ ба як бригадаи бинокорони тоҷики машғули кор дар ширкати сохтмонии «Аист»-и вилояти Маскав қисмате аз маблағи қарз аз музди меҳнат дар ҳаҷми 200 ҳазор рубли русӣ пардохта шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.