Маълумоти шаҳрдории пойтахт оид ба поинравии назарраси нарх дар бозорҳо

Мақомоти шаҳрдории Душанбе иттилоъ медиҳад, ки ба туфайли тадбирҳои андешида дар ҳамдастӣ бо раҳбарияти бозорҳо, ташкилотҳои ҷамъиятиву динӣ ва ҳамчунин вакилони Маҷлиси вакилони халқи пойтахт дар муқоиса бо аввали моҳи июл айни замон нархи маҳсулоти ғизойӣ дар бозорҳо ба таври назаррас поин рафтааст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, мутобиқи таҳлил бар асоси […]

ASIA-Plus


Мақомоти шаҳрдории Душанбе иттилоъ медиҳад, ки ба туфайли тадбирҳои андешида дар ҳамдастӣ бо раҳбарияти бозорҳо, ташкилотҳои ҷамъиятиву динӣ ва ҳамчунин вакилони Маҷлиси вакилони халқи пойтахт дар муқоиса бо аввали моҳи июл айни замон нархи маҳсулоти ғизойӣ дар бозорҳо ба таври назаррас поин рафтааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, мутобиқи таҳлил бар асоси маълумоти Агентии омор, дар муқоиса бо санаи 15-уми июли соли гузашта, айни замон дар бозорҳои пойтахт арзиши маҳсулоти мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла кг бехпиёз 48,0%, як кг сабзӣ 38,8%,  як кг картошка 38,6%, як кг шакар 24,5%, 1 дона тухм 21,3%, 1 л. равғани растанӣ 19,5%, як кг биринҷи ватанӣ 19,4%,  як кг гӯшти гов 5,8% ва гӯшти гӯсфанд 1,6% поён рафта, дар маҷмуъ аз 21 намуди маҳсулоти мавриди мониторинг қарордошта нархҳои 13 намуд коҳиш ва 2 намуд бе тағйир мондаанд.

Зикр мегардад, ки дар санаи 15 июли соли 2013 нисбат ба 1 июли соли равон арзиши як кг бехпиёз 23,5%, як кг сабзӣ 21,1%,  як кг биринҷи ватанӣ 17,1%, як кг шакар 17,0%,  як кг картошка 15,6%, як кг гандум 12,2%, як кг помидор 9,5%, як кг бодиринг 13,8% як кг орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон 9,8%, 1 л. равғани растанӣ 9,7%, 1 дона тухм 9,1%, як кг гӯшти гов 6,5% ва гӯшти гӯсфанд 6,2% коҳиш ёфтаанд ва арзиши 5 намуд бе тағйир нигоҳ дошта шудааст.

«Бобати ғановати бозори истеъмолӣ дар моҳи шарифи Рамазон ва таъсиррасонии мусбӣ ба нархи маводи озуқаворӣ дар шаҳр ба корхонаҳои воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» – 600 ҳазор сомонӣ,  «Бозори Шоҳмансур»- 200 ҳазор сомонӣ ва «Бозори  Саховат»- 200 ҳазор сомонӣ  бо Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе аз 10 июли соли 2013 қарзҳои бефоиз аз буҷети шаҳр ҷудо карда шуданд», – зикр мегардад дар иттилои мақомоти шаҳрдорӣ.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи

қарори раиси пойтахт аз 8 июл

«Дар  бораи  таъмини тадбирҳои амалии пешгирии  болоравии   нархи   маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе», ба соҳибкорон тавсия дода шуд, ки давоми моҳи шарифи Рамазон маҳсулоти ғизойии мавриди ниёзи аввалияи мардум бо нархҳои зерин фурӯхта шаванд: гӯшти гов то 29 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд то 30 сомонӣ, орди навъи якум аз гандуми воридгардида аз хориҷа то 2,6 сомонӣ, картошка то 1,5 сомонӣ, бехпиёз то 65 дирам, сабзӣ то 1,6 сомонӣ, шакар то 4,2 сомонӣ, равғани рустанӣ то 7,5 сомонӣ, биринҷ то 6 сомонӣ барои як килограмм, шир дар бозорҳо то 3,5 ва шири истеҳсоли ҶСК «Комбинати шири Душанбе» 4,5 сомонӣ барои як литр, тухм то 5о дирам барои як дона ва гӯшти мурғи ҶСК «Мурғи ҳилол»-и ноҳияи Файзобод 7 сомонӣ барои як килограмм.

Қарори мазкури раиси шаҳри Душанбе дар Вазорати адлия ҳамчуни санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст. Бо дархости ҳукуматдорони пойтахт назорати иҷрои он аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ходимони дин, комиссияҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ҳамчунин як қатор мақомоти ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.