Дарёфти ҷасади монанд ба пешвои ҷамъияти ӯзбекони Хатлон дар Ӯзбекистон

Дар рӯдхонаи Амӯдарё дар қаламрави Ӯзбекистон ҷасади як марди аз рӯйи аломатҳои зоҳирӣ мушобеҳ ба пешвои ҷамъияти ӯзбекони Хатлон Салим Шамсиддинов бидуни нишонаҳои марги маҷбурӣ дарёфт шудааст. С.Шамсиддинов моҳи марти соли равон бедарак шуда буд. Дар нишасти хабарии имрӯза муовини сардори шуъбаи кофтукови ҷиноии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Нозимов дар ин робита […]

Сайраҳмон Назриев


Дар рӯдхонаи Амӯдарё дар қаламрави Ӯзбекистон ҷасади як марди аз рӯйи аломатҳои зоҳирӣ мушобеҳ ба пешвои ҷамъияти ӯзбекони Хатлон Салим Шамсиддинов бидуни нишонаҳои марги маҷбурӣ дарёфт шудааст. С.Шамсиддинов моҳи марти соли равон бедарак шуда буд.

Дар нишасти хабарии имрӯза муовини сардори шуъбаи кофтукови ҷиноии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Нозимов дар ин робита изҳор намуд, ки тибқи маълумоти фаврӣ, ҷасад дар рӯдхонаи Амӯдарё дар қаламрави кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон бидуни аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт шудааст.

«Айни замон мо барои хешовандони Шамсиддинов ҳуҷҷат омода карда истодаем, то ки ба Ӯзбекистон рафта, шахсияти ҷасадро муайян кунанд», – иброз дошт номбурда.

Ёдрас мекунем, ки дарҳол пас аз бедарак шудани Шамсиддинов Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Афви Байнулмилал (Amnesty International) дар изҳороти худ аз ин ҳодиса

изҳори нигаронӣ намуда

, зикр карда буд, ки бо мақсадҳои сиёсӣ рабуда шудани ӯро аз эҳтимол дур намедонад.

Дар изҳорот аз ҳодисаи мавриди лату кӯби шадид қарор гирифтани Шамсиддинов аз ҷониби афроди номаълум дар рӯ ба рӯи бинои Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон, ки 5-уми майи соли 2012 ба вуқӯъ пайваста буд, ёдоварӣ шуда буд. «Манбаъҳои маҳаллӣ ин ҳодисаро ба мусоҳибаи чанде пештар бо ВАО доштаи ӯ рабт медиҳанд. Дар он Шамсиддинов изҳор дошта буд, ки ҳукумати Тоҷикистон сиёсати миллатгароиро роҳандозӣ кардааст», – баён гардида буд дар изҳорот.

«Раиси ҲУСДТ Раҳматилло Зойиров ба ВАО изҳор кард, ки нопадид шудани С.Шамсиддинов яқинан ангезаи сиёсӣ дорад ва ба иштироки ахирӣ дар гурӯҳе, ки рӯйи тағйири қонунгузорӣ дар бораи интихоботи президент кор мекунад ва даъвати ӯ аз ӯзбекҳои этникии Тоҷикистон бобати ба ҷонибдории Раҳматилло Зойиров овоз додан дар маъракаи интихоботии қарибулвуқӯъи президентӣ марбут аст», – навишта буд Amnesty International.

Созмони Афви Байнулмилал аз ҳукуматдорони Тоҷикистон расидагии фаврӣ ба ҳодисаи мазкур ва муайян кардани макони будубоши Шамсиддиновро дархост намуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.