Торнамои нахустини видеодарсҳо дар Тоҷикистон

Аз ин ба баъд тоҷикистониён имкон пайдо карданд, ки аз дарсҳои видеойӣ дар шабакаи Интернет сабақ омӯзанд. Дар шабакаи ҷаҳонии Интернет торнамои нахустини видеодарсҳо – uroki.tj мавриди истифода қарор гирифт. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» ташаббускори таъсиси сомона Озод Сиддиқов хабар дод, минбаъд ба таври мукааммал мавриди баҳрабардорӣ қарор додани торнамо дар назар аст. […]

ASIA-Plus


Аз ин ба баъд тоҷикистониён имкон пайдо карданд, ки аз дарсҳои видеойӣ дар шабакаи Интернет сабақ омӯзанд. Дар шабакаи ҷаҳонии Интернет торнамои нахустини видеодарсҳо – uroki.tj мавриди истифода қарор гирифт.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» ташаббускори таъсиси сомона Озод Сиддиқов хабар дод, минбаъд ба таври мукааммал мавриди баҳрабардорӣ қарор додани торнамо дар назар аст.

«Ҳадафи мо ба таҳсилу омӯзиш фаро гирифтани мардуми Тоҷикистон аст. Вақте мустақилона ба торнамо ворид шудану таҳсил намудан имконпазир аст, онҳоро зарур нест, ки ҳатман дар курсҳои гаронқимат омӯзиш бигиранд», – зикр кард Сиддиқов.

Ба қавли ӯ, айни замон дар торнамо машғулияту дарсҳо оид ба варзиш, рақсу мусиқӣ, забонҳои хориҷӣ, омӯзиши компютер, акс ва наворбардории видеоӣ гузошта шудаанд.

«Айни замон наворҳои видеоиро мо аз Youtube гузоштем, вале дар фурсатҳои наздиктарин наворҳои видеоии муаллифони худро мегузорем. Омӯзгорон, коршиносон ва мутахассисони бахшҳои гуногун бо мо табодули таҷриба хоҳанд кард. Агар моро Вазорати маориф дастгирӣ мекард, хеле хушнуду қаноатманд мешудем», – афзуд Сиддиқов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.