Қарзи 42 млн. $-и Чин барои сохтмони як қисмати роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа

Пайрав Чоршанбиев

– Созишномаи ҷудо кардани қарз аз ҷониби Чин барои сохтмони қисмати роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон (лоиҳаи роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа) рӯзҳои наздик ба имзо мерасад, – изҳор кард дар нишасти матбуотии имрӯза ба журналистон раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло. Ба гуфтаи ӯ, маблағи умумии қарзи Чин 42 млн. доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод, ки 27 […]


– Созишномаи ҷудо кардани қарз аз ҷониби Чин барои сохтмони қисмати роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон (лоиҳаи роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа) рӯзҳои наздик ба имзо мерасад, – изҳор кард дар нишасти матбуотии имрӯза ба журналистон раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло.

Ба гуфтаи ӯ, маблағи умумии қарзи Чин 42 млн. доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод, ки 27 млн. долллари ИМА-и он ба сохтмони нақбу пулҳо дар ин роҳ масраф гардида, 15 млн. долллари ИМА-и боқимонда бевосита ба сохтмони роҳ равона хоҳанд шуд.

«Барои ҷалби сармоя ҷиҳати сохтмони ин роҳ мо бо ҷониби Чин як силсила гуфтушунидҳо анҷом додем ва ҳафтаи оянда дар бораи ҷудо гардидани воситаҳои дархостшудаи мо созишнома ба имзо мерасад», – зикр кард номбурда.

Бино ба маълумоти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», то имрӯз аз ҳисоби воситаҳои корхона 5 километри қисмати роҳи Ваҳдат-Ёвон бунёд шудааст, ки масофаи умумии он бояд 40,7 километрро ташкил диҳад.

Зимнан зикр гардид, ки дар маҷмӯъ корҳои сохтмонӣ дар беш аз 27 километри қисмати мазкур идома дошта, қисмати боқимонда дар марҳилаи лоиҳакашӣ қарор дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

Оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.