А.Ҳукуматулло: Барои осеб ба Тоҷикистон Ӯзбекистон ҳатто ба зиёни худ кор мекунад

ASIA-Plus

Дар робита ба роҳандозии сиёсати махсуси Ӯзбекистон нисбати Тоҷикистон, шурӯъ аз соли 2009 мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистон тадриҷан ҳаҷми ҳамлу нақли молу коло ва мусофирон ва ҳамчунин боркашонии транзитиро коҳиш медиҳад. Дар нишасти матбуотии имрӯза сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло дар ин робита иттилоъ дод, ки нимсолаи аввали соли равон беш аз 3,3 […]


Дар робита ба роҳандозии сиёсати махсуси Ӯзбекистон нисбати Тоҷикистон, шурӯъ аз соли 2009 мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистон тадриҷан ҳаҷми ҳамлу нақли молу коло ва мусофирон ва ҳамчунин боркашонии транзитиро коҳиш медиҳад.

Дар нишасти матбуотии имрӯза сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло дар ин робита иттилоъ дод, ки нимсолаи аввали соли равон беш аз 3,3 млн. тонна бор ҳамлу нақл шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори қариб 800 ҳазор тонна ва 3,4 млн. сомонӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2009 камтар аст.

Ба гуфтаи ӯ, моҳҳои январ-июни соли равон ҳаҷми боркашонии транзитӣ 928 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 515 ҳазор тонна ва дар қиёс бо моҳҳои январ-июни соли 2009 ба андозаи 3,3 млн. тонна камтар мебошад.

«Дар нимсолаи аввал КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон ба 228 ҳазор нафар мусофирон хизматгузорӣ кард, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 18 ҳазор нафар камтар буда, сабаби асосии коҳиши нишондиҳандаҳо дар ҳама самтҳо – сиёсати кишвари ҳамҷавори Ӯзбекистон нисбат ба Тоҷикистон аст», – иброз дошт вай.

Ба қавли раиси мақомоти роҳи оҳани ҷумҳурӣ, муддати 1 солу 9 моҳ онҳо ба унвони мақомоти дахлдори Ӯзбекистон оид ба нигарониашон ҷиҳати якҷониба бастани роҳи оҳани самти ҷануби Тоҷикистон номаҳо ирсол мекунанд, аммо ба номаҳои сершумор то ҳанӯз посухе дастрас накардаанд.

Ба гуфтаи Ҳукуматулло, зарари корхона аз амалҳои ҷониби Ӯзбекистон, аз ҷумла боздошти беасоси қатораҳо дар соли гузашта 50 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. «Дар нимсолаи аввал бо айби Ӯзбекистон корхона 15 млн. долллари ИМА-ро талаф дод», – таъкид дошт ӯ.

Раиси корхона зикр кард, ки аз соли 2009 Ӯзбекистон ҳамчунин аз транзити молу колои худ тавассути қаламрави Тоҷикистон худдорӣ мекунад. «Бо роҳандозии ҳамлу нақли бор тавассути нақлиёти автомобилгард аз қисмати марказӣ ба қисмати шарқӣ бидуни убури қаламрави Тоҷикистон, Ӯзбекистон ҳамасола тақрибан 100 млн. доллари ИМа талаф медиҳад. Онҳо омодаанд, ки барои зарар ба Тоҷикистон ҳатто ба зиёни худ кор кунанд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.