Асрорӣ: Иттиҳодияҳои эҷодӣ Тутубалинаро ба суд набояд медоданд (аудио)

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ бар он ақида аст, ки муҳаррири ҳафтаномаи «Азия-Плюс» бо иқтибос овардани суханҳои Ленин дар бораи зиёиён «аз ҳад гузаронидааст», аммо дар ҳар сурат, ӯ аризаи даъвоии иттиҳодияҳои эҷодиро дар нисбати журналист дастгирӣ намекунад. 22-юми июл дар рафти нишасти матбуотӣ вазир қайд кард, ки дар давоми солҳои охир айбмониҳо ва интиқодҳо […]

Маҳпора Киромова


Вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ бар он ақида аст, ки муҳаррири ҳафтаномаи «Азия-Плюс» бо иқтибос овардани суханҳои Ленин дар бораи зиёиён «аз ҳад гузаронидааст», аммо дар ҳар сурат, ӯ аризаи даъвоии иттиҳодияҳои эҷодиро дар нисбати журналист дастгирӣ намекунад.

22-юми июл дар рафти нишасти матбуотӣ вазир қайд кард, ки дар давоми солҳои охир айбмониҳо ва интиқодҳо дар нисбати рӯшанфикрон ва зиёиёни Тоҷикистон хеле зиёд садо медиҳанд ва ин кор аксаран қабл аз мулоқоти доимии президенти мамлакат бо аҳли зиё сурат мегирад.

«Ман баробари хондани навиштаҳои Тутубалина гуфтам, ки ин хонум аз ҳад гузаронидааст. Зеро нисбат ба зиёиён эродҳои хеле зиёд буданд, лекин ба ин дараҷа, ки ба иззати нафси онҳо расида бошанд, онҳоро таҳқир карда бошанд, то имрӯз нашуда буд», – гуфт вазир.

Ӯ бовар дорад, ки таҳқири як қишри ҷомеа таҳқири миллат аст ва миллатро бо зиёиёнаш мешиносанд. Аз ин рӯ, ӯ ҷонибдори тамоми фикру мулоҳизаҳое мебошад, ки бар зидди навиштаи Тутубалина садо доданд. Аммо, ба гуфтаи М.Асрорӣ, ӯ муроҷиати даъвоии иттиҳодияҳои эҷодиро ба суди иқтисодии шаҳр дастгирӣ намекунад.

«Дар мавриди ба маҳкама кашидани ӯ ҳамфикр нестам, чун ин ҳеҷ зарурат надошт. Мо боз як қаҳрамони дигар эҷод карда истодаем дар шахсияти Тутубалина, ки шояд кирои ин қадар воҳима кардан набошад. Лекин ҷавоб додан зарур аст», – гуфт вазир.

Ёдовар мешавем, дар оғози моҳи июл аҳли зиё ба суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо аризаи даъвоӣ дар нисбати муҳаррири нашрияи «Азия-Плюс» муроҷиат карданд. Даъвогарон барои ҷуброни зарари маънавӣ хостаанд, ки ҷавобгар ва ҳамҷавобгар – «Азия-Плюс» 200 ҳазор сомонӣ пардозанд. Сабаби даъво андешаи шахсии О.Тутубалина гашт, ки зери сарлавҳаи «Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» нашр шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.