Нимсолаи аввали соли равон дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон шахсоне, ки ба қоидаи манъи тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя накарданд, дар ҳаҷми умумии 5 ҳазору 160 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ муовини сардори Раёсати ВКД ҶТ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Абдулваҳҳоб Искандаров хабар дод.
Номбурда изҳор намуд, ки барои риоя накардани қоидаҳои будубош дар Тоҷикистон 8 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, дар нимсолаи аввал дар маҷмӯъ дар қаламрави минтақа будубоши ғайриқонунии 267 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 55 тан аз онҳо аз қаламрави минтақа хориҷ карда шудаанд.
Ба қавли ӯ, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар қаламрави 10 шаҳру ноҳияи минтақа 829 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 229 ҷиноят бештар буда, сатҳи ошкорсозии ҷиноятҳо 93,2%-ро ташкил додааст.
«Дар ин давра 101 ҷиноятҳои вазнин содир гардида, 98%-и онҳо базудӣ ошкор карда шуданд, аз ҷумла муяссар шуд, ки 5 ҳодисаҳои куштор, 5 далели таҷовуз ба номус, 3 амали ғоратгарӣ ва 290 ҳодисаи дуздӣ фавран ошкор карда шаванд», – иброз дошт Искандаров.
Зимнан зикр гардид, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ 50 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 30 нафар ҳалок шудаанд. «Ҳамчунин 252 далели дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт низ ба қайд гирифта шуд», – афзуд номбурда.


