Қисмати зиёди Душанбе имрӯз бе оби нӯшокӣ мемонад

Аваз Юлдошев

Имрӯз ба қисмати зиёди шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, аз соати 05-00 то соати 17-00-и имрӯз таъминоти оби нӯшокӣ (аз канали дериватсионӣ истифодашаванда) дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба пуррагӣ ва дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Сино, Фирдавсӣ қисман қатъ мегардад. «Қатъи […]


Имрӯз ба қисмати зиёди шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, аз соати 05-00 то соати 17-00-и имрӯз таъминоти оби нӯшокӣ (аз канали дериватсионӣ истифодашаванда) дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба пуррагӣ ва дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Сино, Фирдавсӣ қисман қатъ мегардад.

«Қатъи мувақкатии интиқоли оби нӯшокӣ ба ҳодисаи ғарқшавии як ҷавони 18-сола ду рӯз қабл ва боздоштани кори канали дериватсионӣ, ки пойтахтро бо оби нӯшокӣ таъмин мекунад, марбут аст», – иброз дошт Ш.Саидов.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин робита раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба раисони шаҳр супориш додааст, ки бо истифода аз мошинҳои обкашӣ  сокинони  минтақаҳои беобмондаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

«Раиси шаҳр Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанберо муваззаф сохт, ки то соати 12-у 20 дақиқаи рӯз корҳои ҷустуҷӯи шаҳрванди ғарқшударо ба анҷом расонанд», – афзуд сухангӯйи раиси пойтахт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ҳомиди Самад ва Қосими Бегмуҳаммад то рӯзи ихтирои телефони мобилӣ