Системаи канализатсионии Ноҳияи Ҷомӣ бозсозӣ мешавад

Системаи канализатсионии маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баъди қабул шудани нақшаи генералии ноҳия ва барномаи рушди ноҳия барои солҳои 2013-2017 имкони барқароршавиро дорад. Тавре раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Акрам Сулаймонов зимни нишасти хабарӣ 22–юми июл иброз дошт, нақшаи генералии ноҳия дар омӯзиши ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. «Айни замон нақшаи генералии ноҳия дар марҳилаи омӯзиши ҳукумати кишвар […]

Сайраҳмон Назриев


Системаи канализатсионии маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баъди қабул шудани нақшаи генералии ноҳия ва барномаи рушди ноҳия барои солҳои 2013-2017 имкони барқароршавиро дорад.

Тавре раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Акрам Сулаймонов зимни нишасти хабарӣ 22–юми июл иброз дошт, нақшаи генералии ноҳия дар омӯзиши ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.

«Айни замон нақшаи генералии ноҳия дар марҳилаи омӯзиши ҳукумати кишвар қарор дошта, дар доираи он пас аз тасдиқшавӣ системаи канализатсионии маркази ноҳия, ки баъди солҳои 90-ум ба куллӣ аз байн рафтааст, пурра барқарор хоҳад шуд», – гуфт Сулаймонов.

Ба гуфтаи ӯ, тайи солҳои охир бо сабаби набудани нақшаи генералӣ ва барномаи рушди ноҳия аз ҳисоби буҷаи давлат барои сохтмони иншоотҳои муҳим маблағҳои ночиз ҷудо мешуданд. Аммо из ин пас, дар сурати тасдиқ ёфтани барномаи рушди ноҳия сохтмон ва азнавсозии объектҳои зарурӣ имконпазир мегардад.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.