Норозигии сафорат аз ҳукм ба қотили шаҳрванди тоҷик

Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз ҳукми додгоҳи вилояти Воронеж ба қотили шаҳрванди Тоҷикистон ҳамагӣ ба муҳлати 8 моҳ изҳори норозигӣ баён кард. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафорати ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита иттилоъ дод, ба сафорат хабар расидааст, ки суди вилояти Воронеж ҳукми 8 моҳи зиндони суди ноҳияи […]

Пайрав Чоршанбиев


Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз ҳукми додгоҳи вилояти Воронеж ба қотили шаҳрванди Тоҷикистон ҳамагӣ ба муҳлати 8 моҳ изҳори норозигӣ баён кард.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафорати ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита иттилоъ дод, ба сафорат хабар расидааст, ки суди вилояти Воронеж ҳукми 8 моҳи зиндони суди ноҳияи Семилук нисбати вакили мардумии ин ноҳия Сергей Плеханов барои куштори шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ӯ дар ҳолати мастӣ аз машрубот рӯзи 28-уми январи соли 2012 содир намуда, бетағйир боқӣ гузоштааст.

«Чунин ҳукм комилан ба вазнинии ҷинояти содиршуда аз ҷониби С.Плеханов, ки ба марги шаҳрванди Тоҷикистон боис гардид, созгор нест», – чунин мешуморанд дар сафорати ҶТ.

Эгамзод афзуд, дар робита ба ин қазия сафорат ба Прокуратураи генералии Русия муроҷиат намуда, санҷиши қонунӣ будани қабули қарори зинаҳои судии вилояти Воронежро дархост намудааст.

Ёдрас мекунем, ки вакили Шӯрои вакилони халқи ноҳияи Семилуки вилояти Воронеж Сергей Плеханов ҳангоми муноқиша бо шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳолати мастӣ бо шиша ба сари ӯ зарба зада буд, ки дар натиҷа ахирӣ дар беморхона ба ҳалокат расид. Тибқи Кодекси ҷиноии Русия, барои содир шудани ин ҷиноят 15 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст, вале суди ноҳиявӣ ин моддаро тағйир дода, изҳор кардааст, ки инҷо амали зарурии худмуҳофизатӣ ҷой доштааст. Прокуратура ҳукмро хеле сабук арзёбӣ намуда, ба шикоят бурдан аз болои он кӯшиш кардааст, вале суд ҳукмро бетағйир боқӣ гузоштааст.

Адвокати маҳкумшуда Сергей Шестаков зикр кардааст, ки бо назардошти ба гуноҳ иқрор шудани айбдоршаванда, кӯмаки ӯ ба хешовандону наздикони ҳалокшуда ва тавсифномаи мусбат, тибқи моддаи сабуктар судя ӯро ба ҳашт моҳи зиндон маҳкум кардааст.

«Судҳо комилан метавонанд моддаро тағйир бидиҳанд. Феълан агар маҳкумшуда қаламрави ноҳияро тарк карданӣ бошад, бояд аз мақомоти пулис иҷоза пурсад. Шабона ӯ бояд дар хона ҳузур дошта, ба маъракаҳои фароғатӣ наравад ва мунтазам аз қайди пулис гузарад», – иброз доштааст ӯ.

Гуфта мешавад, ҳарчанд прокурор ба намояндагони мардумии Семилуки ҷиҳати аз ваколатҳои намояндаи мардумӣ маҳрум кардани ҳамтояшон муроҷиат карда бошад ҳам, Плеханов то ҳанӯз вакил боқӣ мондааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.