Tajik Air: Билетҳо танҳо бо поинравии арзиши маводи сӯхт арзон хоҳанд шуд

Заррина Эргашева

Ҳиссаи асосӣ дар арзиши билети ҳавопаймоиро нархи маводи сӯхт барои ҳавопаймоҳо – керосин ташкил медиҳад, ки арзиши он аллакай то ба 1 ҳазору 913 доллари ИМА барои 1 тонна расидааст ва ин нишондиҳандаи баландтарини нархи маводи сӯхт барои ҳавопаймоҳо дар қаламрави ИДМ мебошад. Ҳаҷми воридоти маводи сӯхт барои ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли […]


Ҳиссаи асосӣ дар арзиши билети ҳавопаймоиро нархи маводи сӯхт барои ҳавопаймоҳо – керосин ташкил медиҳад, ки арзиши он аллакай то ба 1 ҳазору 913 доллари ИМА барои 1 тонна расидааст ва ин нишондиҳандаи баландтарини нархи маводи сӯхт барои ҳавопаймоҳо дар қаламрави ИДМ мебошад.

Ҳаҷми воридоти маводи сӯхт барои ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон 34,9 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,5 ҳазор тонна зиёдтар аст. Нархи миёнаи 1 тонна маводи сӯхти барои ҳавопаймоҳо воридшуда ба кишвар 1 ҳазору 378 доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 40 доллари ИМА афзудааст.

Директори генералии ҶСК Tajik Air Фирӯз Ҳамроев зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки ба хотири рақобатпазир будан, ширкат тарофаҳоро дар сатҳи ширкатҳои хусусӣ нигоҳ дошта, аз ҳисоби зарфияти бештари ҳавопаймоҳо кӯшиш мекунад, ки хароҷот ба ҳар як парвози ҳавопаймоҳоро пӯшонад.

«Мо билетҳоро бо арзиши аслии хароҷоти ширкат фурӯхта наметавонем, зеро мизоҷон ба ширкатҳои дигар мераванд, ки дар онҳо арзиши билетҳо 5-10 доллари ИМА поинтар аст, – иброз дошт ӯ. – Дар мавриди хусусияти мавсимӣ доштани болоравии арзиши билетҳо ҳаминро гуфта метавонам, ки ҳама гуна ширкат бояд аз фаъолияти худ даромад ба даст орад, вагарна фаъолияти он дар бозор ҳеҷ маъние надорад».

Ба қавли номбурда, имрӯз Tajik Air дар ҳаҷми 60%-и арзиши хизматгузориҳо дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе аз имтиёз бархӯрдор буда, ҳамчунин аз пардохти боҷи гумрукӣ ба воридоти ҳавопаймоҳо бар асоси лизинг озод карда шудааст, ки бидуни ин имтиёз рушди ширкат ғайриимкон аст.

Зимнан зикр гардид, ки бо пайдо шудани имконоти молӣ ояндаи наздик ширкат ният дорад, ки як ҳавопаймои Боинг-737 ва як ҳавопаймои МА-60 истеҳсоли Чинро ба лизинги молиявӣ гирад, ки ба таври қобили мулоҳиза ба сатҳи даромаднокии ширкат таъсири мусбат расонида, инчунин ба тавсеъаи минтақаи парвоз шароит фароҳам меоварад.

Аз 36 ҳавопаймои дар ихтиёрдоштаи ширкати Tajik Air имрӯз ҳамагӣ 12-тоаш – 2 Боинги 757-200, 2 Боинги 737-500, 1 Боинги 737-300 ва ҳамчунин ҳавопаймоҳои Ту-154, Ан-26, Ан-28, МА-60 ва се чархболи Ми-8 мавриди истифода қарор доранд.

Тӯли моҳҳои январ-июни соли равон барои дар ҳолати коршоям ба парвоз нигоҳ доштани ҳавопаймоҳои ширкат ва хизматгузории техникии онҳо 6 млн. 113 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардидааст. 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ҳомиди Самад ва Қосими Бегмуҳаммад то рӯзи ихтирои телефони мобилӣ