Ба фаъолият дар гурӯҳҳои ифротгаро даст доштани 58 нафар сокинони Суғд

Прокурори вилояти Суғд Шариф Қурбонов зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки 58 нафар сокинони вилоят ба фаъолият дар созмону гурӯҳҳои ифротгаро даст доранд. Ба гуфтаи ӯ, нимсолаи аввали соли равон мақомоти прокуратураи вилоят дар ҳамдастӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ робитаи 58 нафар сокинои вилоятро бо фаъолияти ҳаракатҳои ифротгарое чун «Ансоруллоҳ» ва «Ҷундуллоҳ» ошкор сохт. […]

Мавлуда Рафиева


Прокурори вилояти Суғд Шариф Қурбонов зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки 58 нафар сокинони вилоят ба фаъолият дар созмону гурӯҳҳои ифротгаро даст доранд.

Ба гуфтаи ӯ, нимсолаи аввали соли равон мақомоти прокуратураи вилоят дар ҳамдастӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ робитаи 58 нафар сокинои вилоятро бо фаъолияти ҳаракатҳои ифротгарое чун «Ансоруллоҳ» ва «Ҷундуллоҳ» ошкор сохт.

«Нисбати 28 нафар аз ин шумор парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, ба суд ирсол гардиданд, 30 нафари боқимонда ба ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шуда, як узви ҷамъияти «Ансоруллоҳ» дар Қирғизистон боздошт шуд», – иброз дошт прокурори вилоят.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ба гумони узвият дар созмону ҳизбҳои ифротгаро нисбати 56 тан аз сокинони вилоят парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, 54 нафар ба фаъолият дар Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва 2 нафар дар «Ҳизб-ут-Таҳрир» даст доштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.