Худдорӣ аз интишори маълумот дар бораи интиқоли маблағҳои муҳоҷирон

Пайрав Чоршанбиев

Аз ин ба баъд мақомоти расмии Тоҷикистон худдорӣ варзидан аз интишори маълумот дар бораи ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони кориро афзал медонанд. «Ман доир ба маблағҳои муҳоҷирон чизе гуфтанӣ нестам, зеро ин масъала метавонад ангезаи сиёсӣ касб кунад», – гуфт зимни нишасти матбуотии рӯзи 23-юми июл раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов. Ба гуфтаи ӯ, на […]


Аз ин ба баъд мақомоти расмии Тоҷикистон худдорӣ варзидан аз интишори маълумот дар бораи ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони кориро афзал медонанд.

«Ман доир ба маблағҳои муҳоҷирон чизе гуфтанӣ нестам, зеро ин масъала метавонад ангезаи сиёсӣ касб кунад», – гуфт зимни нишасти матбуотии рӯзи 23-юми июл раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов.

Ба гуфтаи ӯ, на ҳама воситаҳои ба ҷумҳурӣ инқолшуда аз ҷониби шахсони хусусӣ ба муҳоҷирони корӣ мансубанд. «Тибқи маълумоти таҳқиқоти Бонки миллӣ, ҳадди ақал 30-35%-и воситаҳо аз ҳисоби содироти хурд ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд», – иброз дошт вай.

Шурӯъ аз моҳи майи соли ҷорӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ аз интишори маълумот дар бораи ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирон даст кашид, ки дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» дарҷ мешуданд.

Тибқи маълумоти гузориши мазкур, моҳи январи соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеъӣ ба Тоҷикистон 178,8 млн., моҳи феврал – 180,3 млн., март – 221,8 млн. ва апрел – 267,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Ҳамин тариқ, дар 4 моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ ҳудуди 848,5 млн. доллари ИМА маблағи пулӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 9,5% зиёдтар аст. Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2012 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон 3 млрд. 595,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ҳомиди Самад ва Қосими Бегмуҳаммад то рӯзи ихтирои телефони мобилӣ

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон аз афзудани қаллобӣ зимни ваъдаи кор дар хориҷа

Оҷонсии бакортаъминкунӣ гуфтааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо қаллобон ба куҷо бояд муроҷиат кард.

Раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон: “Азия-Плюс” – оинаи шаффофи зиндагии мардум

Зинатулло Исмоилзода "Азия-Плюс"-ро ба муносбати 30-солагиаш табрик гуфт.

Вазорати дифоъ: Нақшаи даъват ба артиш дар рӯзи якум беш аз 50% иҷро шуд

Кадом шаҳру ноҳияҳо аз анҷоми нақшаи даъват хабар доданд?