Интихоби ширкати ҷопонӣ барои такмили техникаи нигоҳдории роҳҳои Тоҷикистон

Паймонкори амалисозии марҳилаи дуюми «Лоиҳаи харидории техника ва таҷҳизотҳои нигоҳдории роҳҳо барои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» ширкати ҷопонии «Иточу Корпорэйшн» интихоб шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини вазири нақлиёти ҶТ Шералӣ Ганҷалов хабар дод, ахири ҳафтаи гузашта аз рӯйи натиҷаҳои тендери баргузоршуда аз 27-уми август то 1-уми сентябр оид ба интихоби паймонкор миёни […]

Пайрав Чоршанбиев


Паймонкори амалисозии марҳилаи дуюми «Лоиҳаи харидории техника ва таҷҳизотҳои нигоҳдории роҳҳо барои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» ширкати ҷопонии «Иточу Корпорэйшн» интихоб шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини вазири нақлиёти ҶТ Шералӣ Ганҷалов хабар дод, ахири ҳафтаи гузашта аз рӯйи натиҷаҳои тендери баргузоршуда аз 27-уми август то 1-уми сентябр оид ба интихоби паймонкор миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистонва ширкати «Иточу Корпорэйшн» созишномаи дахлдор ба имзо расид.

«Ширкати мазкур амалисозии марҳилаи аввали лоиҳаро низ анҷом дода, интихоби маҳз ҳамин ширкатро мо мувофиқи мақсад донистем, зеро дар маҷмӯъ онҳо аз ҷузъиёти лоиҳа огаҳии хуб доранд», – иброз дошт ӯ.

Муовини вазири нақлиёт зикр кард, ки лоиҳа аз ҳисоби бурси Ҷопон дар ҳаҷми 14 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ мешавад. Қаблан дар Вазорати молия ҷонибҳо созишнома дар бораи ҷудо гардидани маблаги мазкурро ба имзо расонида буданд. Аз итмоми амалисозии лоиҳаи мазкур ахири соли оянда интизорӣ меравад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.