Қаллобии як суғдӣ бо худро муаррифӣ кардан ба сифати корманди ҳукумат

Як нафар сокини вилояти Суғд худро корманди ҳукумат муаррифӣ намуда, ба қаллобӣ машғул шудааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, нисбати сокини 35-солаи шаҳри Истаравшан З.С, қаблан маҳкумшуда ба иттиҳоми тамаъҷӯӣ мутобиқи моддаи 247, қ. 3 (Қаллобӣ дар ҳаҷми зиёд)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба иттилои […]

Мавлуда Рафиева


Як нафар сокини вилояти Суғд худро корманди ҳукумат муаррифӣ намуда, ба қаллобӣ машғул шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, нисбати сокини 35-солаи шаҳри Истаравшан З.С, қаблан маҳкумшуда ба иттиҳоми тамаъҷӯӣ мутобиқи моддаи 247, қ. 3 (Қаллобӣ дар ҳаҷми зиёд)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба иттилои манбаъ, моҳи майи соли равон ӯ бо роҳи фиреб боварии сокини Хуҷанд С.А.-ро ба даст оварда, худро корманди ҳукумати шаҳри Хуҷанд муаррифӣ мекунад ва ба ивази ваъдаи ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони манзил аз ӯ 8 ҳазору 540 сомонӣ маблағ гирифта, онро ба эҳтиёҷоти шахсӣ масраф месозад.

Зимнан зикр гардид, ки бо ваъдаи ҷудо кардани қитъаи замин ӯ аз ду нафар сокинони дигари шаҳри Хуҷанд низ дар ҳаҷми 7 ҳазору 300 сомонӣ ва 19 ҳазор сомонӣ маблағ гирифтааст. Аз рӯйи ин далелҳоитафтиш идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корррупсия дар вилояти Суғд, нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 47 далели қаллобӣ (нимсолаи аввали соли 2012 – 76 далел) ба қайд гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.