Ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба ҳолатҳои фавқулода дар Қирғизистон

Рӯзи 5-уми сентябр дар шаҳри Чолпон-Атои Қирғизистон ҷаласаи навбатии серӯзаи Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ ба кор шурӯъ мекунад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар рӯзномаи ҷаласа баррасии беш аз 10 масъала пешбинӣ шудааст. Гуфта мешавад, иштирокчиёни ҷаласа аз фаъолияти Шӯро дар давоми солҳои 2012-2013 […]

ASIA-Plus


Рӯзи 5-уми сентябр дар шаҳри Чолпон-Атои Қирғизистон ҷаласаи навбатии серӯзаи Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ ба кор шурӯъ мекунад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар рӯзномаи ҷаласа баррасии беш аз 10 масъала пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, иштирокчиёни ҷаласа аз фаъолияти Шӯро дар давоми солҳои 2012-2013 натиҷагирӣ ва доир ба тадбирҳои минбаъда баҳри такмили ҳамкорӣ ибрози назар намуда, аз ҷумла масоили марбут ба фаъолияти Гурӯҳи нерӯҳои ИДМ барои бартараф кардани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, Регламенти ташкилот, ҳамкории мутақобила ва табодули маълумот миёни марказҳои идоракунӣ дар вазъҳои буҳронӣ, реҷаи баргузории семинарҳо оид ба шинооӣ бо марказҳои идоракунӣ ва ҷараёни таҳияи таҳрирҳои нави муқаррарот дар бораи Шӯрои байнидавлатӣ ва Гурӯҳи нерҳои ИДМ барои бартараф кардани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ мекунанд.

Ҳамчунин маълумот дар бораи фаъолияти ду ташкилоти заминавии соҳавӣ шунида шуда, Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар бахши пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, таъсиси Фонди эҳтиётии кишварҳои Иттиҳод оид ба расонидани кӯмак ба кишварҳои зарардида аз ҳолатҳои фавқулода, рафти иҷрои қарорҳои қаблан қабулшуда, нақшаи кор дар соли минбаъда ва як қатор масоили дигар низ баррасӣ хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст, ки Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ соли 1993 таъсис дода шуда, намояндагони ҳамаи 11 кишвари узви ИДМ ба ҳайати он шомиланд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.