Сафорати Русия дар бораи вазъи ҷинояткории марбут ба шаҳрвандони ҶТ

Дар сомонаи сафорати Русия дар Тоҷикистон маълумотнома дар бораи вазъи воқеии ҷинояткории марбут ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия интишор шуд. «Доир ба ин мавзӯъ мо борҳо бо таваҷҷуҳ ба вазъи воқеӣ изҳори назар кардем: миёни 1,5-2 млн. нафар муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия хоҳ-нохоҳ касе мефавтад ва ҳатман шарт нест, ки бадхоҳон онро чӣ гуна […]

ASIA-Plus


Дар

сомонаи сафорати Русия

дар Тоҷикистон маълумотнома дар бораи вазъи воқеии ҷинояткории марбут ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия интишор шуд.

«Доир ба ин мавзӯъ мо борҳо бо таваҷҷуҳ ба вазъи воқеӣ изҳори назар кардем: миёни 1,5-2 млн. нафар муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия хоҳ-нохоҳ касе мефавтад ва ҳатман шарт нест, ки бадхоҳон онро чӣ гуна пешниҳод мекунанд, аз дасти тоссарон ё бо сабабҳои дигар. Ҳаминро дар мавриди ҷинояткорӣ низ метавон гуфт. Хоҳ-нохоҳ чунин шумори зиёди одамон аз ин падидаи манфии иҷтимоӣ дар канор буда наметавонанд», – зикр мегардад дар сомонаи сафорат.

Дар идома маълумоти омории ВКД Русия дар бораи ҷинояткории марбут ба шаҳрвандони Тоҷикистон оварда мешавад:

«Соли 2012 нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия ҳудуди 1 ҳазору 700 амалҳои ғайриқонунӣ содир шудааст, аз ҷумла мутобиқи моддаҳои 105 (Одамкушӣ), 109 (Куштор бо сабаби беэҳтиётӣ) ва 111, қ. 4 (Барқасдона расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ)-и КҶ ФР 66 парвандаи ҷиноӣ (соли 2011 – 62 парванда) боз шудааст.

Сарфи назар аз ба миқдори 40% коҳиш ёфтани ҷинояткорӣ нисбат ба соли 2009, амалҳои ҷинояткоронаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия нисбат ба амалҳои ғайриқонунӣ нисбати онҳо беш аз чор маротиба афзудааст.

Ҳамин тариқ, соли 2012 аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия 7 ҳазору 005 ҷиноят, аз ҷумла 1 ҳазору 201 ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир (чоряк адад камтар нисбат ба соли 2009), 934 ҳодисаҳои дуздӣ, 350 далели ғоратгарӣ, 198 ҳодисаи ҳамлаи ғоратгарона, 116 далели барқасдона расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ, 59 ҳодисаи одамкушӣ, 57 далели таҷовуз ба номус, 44 амали қаллобӣ ва 11 ҳодисаи авбошӣ содир шудааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.