Номзад ба президенти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон рӯзҳои наздик муайян мешавад

Рӯзҳои наздик ҷаласаҳои Кумитаи иҷроия ва Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон даъват карда шуда, санаи баргузории анҷумани ғайринавбатии ин ташкилот эълон мегардад. Маҳз дар ҳамин анҷуман номзад ба мансаби президентӣ аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб хоҳад шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Федератсияи мазкур Муродалӣ Солеҳов хабар дод, танҳо дар анҷмани […]

Аваз Юлдошев


Рӯзҳои наздик ҷаласаҳои Кумитаи иҷроия ва Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон даъват карда шуда, санаи баргузории анҷумани ғайринавбатии ин ташкилот эълон мегардад. Маҳз дар ҳамин анҷуман номзад ба мансаби президентӣ аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб хоҳад шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Федератсияи мазкур Муродалӣ Солеҳов хабар дод, танҳо дар анҷмани иттифоқҳои касаба масъалаи киро ба номзади президентӣ пешниҳод намудан ҳаллу фасл хоҳад шуд.

«Айни замон Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар сафҳои худ беш аз 2 млн. 100 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро муттаҳид месозад», – таъкид дошт Солеҳов.

Қобили зикр аст, ки Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон соли 1926 таъсис дода шуд. Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон соли 1991 ҳамчун вориси Шӯрои иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.