Э.Раҳмон: Дар зарфи 7 моҳ мактаббачагон 500 ҷиноят содир карданд

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби нав дар ноҳияи Ҳисор президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки танҳо дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ кариб 500 ҳолати ҷинояткории аз ҷониби мактаббачаҳо содиршуда ба қайд гирифта шудааст. Сарвари давлат ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кард, ки «аз беаҳамиятии баъзе роҳбарони муассисаҳои таълимӣ истифода карда, равияву ҷараёнҳои тундрав […]

ASIA-Plus


Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби нав дар ноҳияи Ҳисор президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки танҳо дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ кариб 500 ҳолати ҷинояткории аз ҷониби мактаббачаҳо содиршуда ба қайд гирифта шудааст.

Сарвари давлат ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кард, ки «аз беаҳамиятии баъзе роҳбарони муассисаҳои таълимӣ истифода карда, равияву ҷараёнҳои тундрав ва ифротгаро як қисми ҷавонону наврасони ноогоҳро ба доми худ мекашанд, ки ин паёмади хуб надорад».

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки яке аз мақсадҳои қабули қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баланд бардоштани нақши падару модарон дар тарбияи ватандӯстӣ ва маънавии фарзандони худ аст.

«Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки вақтҳои охир таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ва падару модарон ба донишандӯзии хонандагони мактабҳои миёна торафт зиёд гардида истодааст ва талоши волидайн ҷиҳати ба дасти омӯзгори ботаҷриба ва ба мактаби дорои шароити хуби таълиму тарбия супоридани тақдири фарзандон эҳсос карда мешавад», – зикр кард сарвари давлат.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.