Эҳтимоли иштироки беш аз 700 нозирони байнулмилалӣ дар интихоботи президентӣ

Дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон, ки ба санаи 6-уми ноябри соли равон таъин шудааст, аз иштироки беш аз 700 нафар нозирони байнулмилалӣ интизорӣ меравад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маъмурияти КМИР Абдуманнон Додоев хабар дод, айни замон даъват ва мувофиқаи рӯйхатҳои намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ба сифати нозирон дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон идома дорад. «Мо […]

Аваз Юлдошев


Дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон, ки ба санаи 6-уми ноябри соли равон таъин шудааст, аз иштироки беш аз 700 нафар нозирони байнулмилалӣ интизорӣ меравад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маъмурияти КМИР Абдуманнон Додоев хабар дод, айни замон даъват ва мувофиқаи рӯйхатҳои намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ба сифати нозирон дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон идома дорад.

«Мо аз иштироки гурӯҳи нозирон аз Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) интизорӣ дорем», – гуфт ӯ.

Номбурда хотиррасон намуд, ки дар интихоботи парлумонии соли 2010 дар Тоҷикистон 536 нафар нозирони байнулмилалӣ, аз ҷумла 254 намояндаи САҲА, 167 намояндаи ИДМ, 17 намояндаи СҲШ ва 86 намояндагони корпусҳои дипломатӣ ширкат варзиданд. «Дар интихоботи парлумонӣ беш аз 25 ҳазор нозирони маҳаллӣ ширкат варзида, дар интихоботи президентӣ шумори онҳо ба таври қобили мулоҳиза хоҳад афзуд», – иброз дошт номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон