Раҳмон ва Каримов оид ба таъсиси Бонки рушди СҲШ ибрози назар намуданд

Дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки вазъи кунунӣ  дар арсаи байнулмилалӣ қабули қарорҳои фаврӣ дар бахши ҳамкориҳои иқтисодиро тақозо мекунад. Ба андешаи сарвари давлати Тоҷикистон, бахусус ин ба лоиҳаҳои марбут ба таъмини густариши имконоти нақлиётиву коммуникатсионӣ, рушди зербино, тиҷорат ва сайёҳӣ дахл дорад. Дар робита […]

ASIA-Plus


Дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки вазъи кунунӣ  дар арсаи байнулмилалӣ қабули қарорҳои фаврӣ дар бахши ҳамкориҳои иқтисодиро тақозо мекунад.

Ба андешаи сарвари давлати Тоҷикистон, бахусус ин ба лоиҳаҳои марбут ба таъмини густариши имконоти нақлиётиву коммуникатсионӣ, рушди зербино, тиҷорат ва сайёҳӣ дахл дорад.

Дар робита ба таҳким ва рушди ҳамкории минтақавӣ дар қаламрави масъулияти СҲШ Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла таъкид дошт, ки бояд риояи талаботи Хартияи Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи «истифодаи босамари инфрасохтори мавҷуда дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, такмили имконоти транзитии кишварҳои аъзо таъмин карда шавад.

«Зимни вохӯрии навбатии сарони кишварҳо  мувофиқаи созишнома доир ба усулҳои асосии фаъолияти Бонки рушд ва Фонди рушди СҲШ муофиқи мақсад аст. Возеҳ аст, ки бидуни таъсиси Бонки рушд ва Фонди рушди СҲШ ё дигар механизми дигари молиявӣ, мо амалисозии лоиҳаҳои минтақавиро таъмин карда наметавонем», – иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ҳамин ҳол, зимни ҷаласаи мазкур президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов зикр кард, ки қарор дар бораи таъсиси Бонки рушд ва Фонди рушди СҲШ моҳи ноябри соли равон қабул хоҳад шуд.

Баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ моҳи ноябри соли 2013 дар шаҳри Тошканд дар назар аст. Дар доираи он вохӯрии вазирони энергетикаи кишварҳо низ доир мегардад. Қаблан Чин низ оид ба таъсиси Бонки рушд ва Фонди рушди СҲШ ташаббус зоҳир намуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.