Омодагии омӯзгор аз Уляновск ба кор бо маоши муаллимони тоҷик

Ба ташаббуси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба даъвати омӯзгорони забони русии муқими Русия барои кор дар макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон омӯзгор аз шаҳри Уляновски Русия садо баланд кард. Дар номаи худ ба президенти Тоҷикистон, ки дар ихтиёри идораи ОИ «Азия-Плюс» аст, омӯзгор Наталя Дорофеева менависад, ки «ӯ омӯзгори дараҷаи олии забони русӣ буда, таҷрибаи […]


Ба ташаббуси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба даъвати омӯзгорони забони русии муқими Русия барои кор дар макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон омӯзгор аз шаҳри Уляновски Русия садо баланд кард.

Дар номаи худ ба президенти Тоҷикистон, ки дар ихтиёри идораи ОИ «Азия-Плюс» аст, омӯзгор Наталя Дорофеева менависад, ки «ӯ омӯзгори дараҷаи олии забони русӣ буда, таҷрибаи бойи корӣ дорад».

Дар нома зикр мегардад, ки рӯзи 9-уми августи соли равон Н.Дорофеева ба Тоҷикистон баргаштааст. «Ман розиам, ки дар мактаб бо маоши кунунии омӯзгорони тоҷик кор кунам, то ки дар ин ҷо, дар Ватан манзили худро дошта бошам, зеро имкони мустақилона харидани онро надорам», – гуфта мешавад дар нома.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи сентябр роҳбари «Россотрудничество» Константин Косачёв ба васоити ахбори умумии Русия изҳор намуд, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорони забони русӣ аз Русия

ваъда кардааст

, ки дар сурати ба кор омадан ба Тоҷикистон, онҳоро бо манзил ва маоши шоиста таъмин мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.