Вазорати маориф: Фурӯши китобҳои дарсӣ дар мактабҳо манъ аст

Ба идораи ОИ «Азия-Плюс» падару модарони хонандагони макотиби таҳсилоти умумии пойтахт аз он шикоят карданд, ки дар мактабҳо барои иҷораи солонаи як китоби дарсӣ аз 12 то 20 сомонӣ тақозо мекунанд. Яке аз онҳо иброз дошт, ки барои иҷораи тамоми китобҳои дарсӣ ӯ беш аз 120 сомонӣ маблағ супоридааст. «Барои иҷораи китобҳои нав 15 сомонӣ […]

ASIA-Plus


Ба идораи ОИ «Азия-Плюс» падару модарони хонандагони макотиби таҳсилоти умумии пойтахт аз он шикоят карданд, ки дар мактабҳо барои иҷораи солонаи як китоби дарсӣ аз 12 то 20 сомонӣ тақозо мекунанд.

Яке аз онҳо иброз дошт, ки барои иҷораи тамоми китобҳои дарсӣ ӯ беш аз 120 сомонӣ маблағ супоридааст. «Барои иҷораи китобҳои нав 15 сомонӣ ва китобҳои дарсии қаблан мавриди истифода қарордошта 13-14 сомонӣ маблағ супурдем», – гуфт яке аз волидон.

Волидони дигар изҳор намуданд, ки омӯзгорон китобҳои дарсиро ба маблағи 16-20 сомонӣ мефрӯшанд.

Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала мо ба директори маркази табъу нашри Вазорати маорифи Тоҷикистон Комил Исоев муроҷиат намудем. «Мактабҳо ба фурӯши китобҳои дарсӣ ба хонандагони худ ҳуқуқ надоранд. Дар чор ноҳияи пойтахт Вазорати маориф нуқтаҳои фурӯши китобҳои дарсӣ дорад, ки хоҳишмандон метавонанд аз он ҷо китоб дастрас намоянд», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Исоев, вазорат ба мактабҳо китобро ба муҳлати се сол ба иҷора медиҳад. «Соли аввал 34% ва соли дуюму сеюм 33%-и арзиши китоб  пардохт мегардад. Масалан, агар китоби дарсии забони тоҷикӣ 8,14 сомонӣ арзиш дошта бошад, маблағи соли аввали иҷора 2,77 сомонӣ ва солҳои дуюму сеюм 2,69 сомониро ташкил медиҳад», – гуфт ӯ.

Намояндаи Вазорати маориф ҳамчунин зикр кард, ки бо гузашти се сол китоби дарсӣ пурра ба моликияти мактаб мегузарад, вале дар соли сеюми истифода раҳбарияти мактаб метавонад то 50% арзиши иҷораро боло барад, ки ин маблағҳо барои китобхона, афзудани маоши омӯзгорон ва таъмини кӯдакони оилаҳои камбизоат бо китобҳои дарсӣ истифода мешаванд.

Исоев ба волидайни толибилмон тавсия дод, ки бо мавод аз 16-уми август дар ҳафтавори «Омӯзгор» дар бораи нархҳои китобҳои дарсии тозанашршуда шинос шаванд. «Аз ҳама дархост мекунем, ки дар сурати маввҷуд будани далелҳои тақозои ғайриқонунии маблағ барои китобҳои дарсӣ дар мактабҳо ба Вазорати маориф ё Раёсати маорифи ноҳияҳо муроҷиат кунанд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.