Имтиёзҳои Кумитаи андоз барои корхонаҳои навтаъсис

Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Дастурамал оид ба андозбандии корхонаҳои азнавтаъсисдодашударо, ки аввали моҳи август дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шудааст, интишор кард. Дастурамали мазкур дар асоси талаботи Кодекси андози таҳия гардида, хусусиятҳои андозбандии корхонаҳои навтаъсис, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ (аз калобаи пахта то маҳсулоти пахтагии дӯзандагӣ) машғул мебошанд, […]

ASIA-Plus


Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Дастурамал оид ба андозбандии корхонаҳои азнавтаъсисдодашударо, ки аввали моҳи август дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шудааст, интишор кард.

Дастурамали мазкур дар асоси талаботи Кодекси андози таҳия гардида, хусусиятҳои андозбандии корхонаҳои навтаъсис, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ (аз калобаи пахта то маҳсулоти пахтагии дӯзандагӣ) машғул мебошанд, муайян менамояд.

Дар дастурамал дар бораи як қатор имтиёзоти андозии барои корхонаҳои навтаъсис муқарраршуда маълумот дода мешавад. Аз ҷумла, воридоти молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худ аз ҷониби корхонаҳои навтаъсис аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда ва содироти молҳое, ки корхонаҳои навтаъсис истеҳсол мекунанд, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.

Ғайр аз ин, корхонаҳои навтаъсис аз андоз аз фоида, андози низоми соддакардашуда ва андозҳо аз молу мулки ғайриманќул озод мешаванд. Ин имтиёзҳо ба муҳлати 12 сол аз 1 январи соли бақайдгирии давлатӣ муайян карда мешавад.

Агар корхонаи навтаъсиси коркарди нахи пахта дар давоми муҳлате, ки хукумат муқаррар кардааст, пас аз ба кор даровардани силсилаи пештараи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ ба таъсис додани силсилаи минбаъдаи коркард шурӯъ накарда бошад, имтиёзҳои андози ба он додашуда қатъ гардонида мешавад.

Нозироти андози дахлдор маълумоту ҳисоботҳоро оид ба истифодабарии имтиёзҳои андоз аз тарафи корхонаҳои навтаъсис ҳар семоҳа ба Кумитаи андоз пешниҳод менамояд.

Дар ҳолати қатъ гаштани амали имтиёзҳои андозӣ маблағи имтиёзҳои андозӣ (бо назардошти имтиёзҳои пардохтҳои дигар) бо назардошти ҷарима ва фоизҳо ситонида мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.