Корҳои таҳияи буҷети давлатӣ барои соли 2014 ба итмом расиданд

Корҳои таҳияи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014 ба итмом расида, он ҷиҳати баррасӣ ба ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол гардидааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсат оид ба буҷети Вазорати молияи ҶТ хабар доданд, интизорӣ меравад, ки лоиҳаи буҷет барои соли оянда 17-уми сентябр аз ҷониби Комиссияи буҷетии назди ҳукумати ЧТ баррасӣ мешавад. Ба иттилои манбаъ, […]


Корҳои таҳияи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014 ба итмом расида, он ҷиҳати баррасӣ ба ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол гардидааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсат оид ба буҷети Вазорати молияи ҶТ хабар доданд, интизорӣ меравад, ки лоиҳаи буҷет барои соли оянда 17-уми сентябр аз ҷониби Комиссияи буҷетии назди ҳукумати ЧТ баррасӣ мешавад.

Ба иттилои манбаъ, лоиҳаи ҳуҷҷати асосии молиявии кишвар аллакай ахири ҳамин ҳафта ба баррасии Раёсати ҳукумати ҶТ пешниҳод мегардад. Дар идома ин ҳуҷҷат дар ҷаласаи васеи ҳукумат, ки маъмулан ахири ҳар моҳ доир мегардад, баррасӣ хоҳад шуд. Аввали моҳи оянда ба баррасии палатаи поёнии парлумон ирсол гардидани лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2014 дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки буҷети давлатӣ дар Тоҷикистон ҳамасола тирамоҳ аз ҷониби палатаи поёнии парлумон бо пешниҳоди ҳукумат қабул мешавад.

Тибқи ҳисобҳои пешакии Вазорати молия, даромадҳои ҷории буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014 (бидуни назардошти бурсҳо) дар ҳаҷми беш аз 10,9 млрд. сомонӣ (зиёда аз 2,2 млрд. $) пешбинӣ мешавад.

Ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта беш аз 9,9 млрд. сомониро ташкил дод.

Дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии буҷети давлатии ҶТ ба беш аз 6 млрд. сомонӣ (зиёда аз1,2 млрд. $) баробар шуд, ки аз нақша 0,1% зиёдтар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.