Раисони ноҳияҳои Ҳисору Восеъ ва ректори ДДХ аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуданд

Дар иҷлосияҳои маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Хатлон ва ВМКБ, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда доир гардиданд, ба ҷойи вакилони хориҷшуда аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ интихоб карда шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии ҷумҳурӣ хабар доданд, раисони ноҳияи Ҳисор Усмон Сабзов, ноҳияи Восеъ Рустам Латифов […]

Аваз Юлдошев


Дар иҷлосияҳои маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Хатлон ва ВМКБ, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда доир гардиданд, ба ҷойи вакилони хориҷшуда аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ интихоб карда шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии ҷумҳурӣ хабар доданд, раисони ноҳияи Ҳисор Усмон Сабзов, ноҳияи Восеъ Рустам Латифов ва ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Имомёрбек Қаландаров аъзои палатаи болоии парлумони кишвар интихоб гардиданд.

Ёдрас мекунем, ки 4-уми июли соли равон аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ пас аз баррасии аризаи Гулхоҷа Ҷангибеков, Султон Валиев ва Баҳриддин Солиҳов оид ба қатъи пеш аз мӯҳлати ваколати онҳо ҳамчун аъзои палатаи болоии парлумон қарор қабул карданд. Ҳамзамон вакилони мазкур аз ҳайати кумитаҳои дахлдори палатаи болоии парлумон хориҷ карда шуданд.

Моҳи марти соли 2010 онҳо мутаносибан аз ВМКБ, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ аъзои МММО ҶТ интихоб шуда буданд. Моҳи феврали соли равон С.Валиев ва Б.Солиҳов аз мансабҳои раиси ноҳияҳои Восеъ ва Хатлон озод гардиданд. Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 11-уми майи соли 2012 Гулхоҷа Ҷангибеков аз мақоми ректори Донишгоҳи Хоруғ сабукдӯш карда шуд.

Палатаи болоии парлумон аз 33 вакил иборат буда, мувофиқи Конститутсияи ҶТ, аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ бо роҳи ғайримустақим тавассути овоздиҳии пӯшида дар ҷамъомадҳои муштараки вакилони мардумии ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ интихоб карда мешаванд.

Дар Маҷлиси миллӣ ВМКБ, вилоятҳо, Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ теъдоди баробари намояндаҳо – ҳар кадоме 5 вакил доранд.  Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро (8 вакил) президенти Тоҷикистон таъин мекунад. Маҷлиси миллӣ дар асоси даъват фаъолият менамояд.

Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки синнаш аз 35 боло буда, маълумоти олӣ дорад, метавонад вакили Маҷлиси миллӣ интихоб ва ё таъин гардад.

Ҳар як президенти собиқи Тоҷикистон то охири умр аъзои Маҷлиси миллӣ маҳсуб мешавад, агар ӯ аз ин ҳуқуқи худ даст накашад. Айни замон собиқ президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов аъзои Маҷлиси миллӣ аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.