Иштироки нозирони тоҷик дар маъракаи интихоботи президенти Озарбойҷон

Дар ҳайати нозирон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар мониторинги маъракаи интихоботи президенти Озарбойҷон ширкат меварзанд. Интихоботи президенти Озарбойҷон санаи 9-уми октябри соли равон доир мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маъмурияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии ҷумҳурӣ Абдуманнон Додоев хабар дод, ба ҳайати гурӯҳи нозирони байнулмилалӣ сармушовири президенти Тоҷикистон оид […]


Дар ҳайати нозирон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар мониторинги маъракаи интихоботи президенти Озарбойҷон ширкат меварзанд. Интихоботи президенти Озарбойҷон санаи 9-уми октябри соли равон доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маъмурияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии ҷумҳурӣ Абдуманнон Додоев хабар дод, ба ҳайати гурӯҳи нозирони байнулмилалӣ сармушовири президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Хурсандмурод Мирзоев ва сардори шуъбаи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Дӯстмурод Муродов шомил гардидаанд.

Айни замон шумори номзадҳои сабтиномшуда ба мансаби президентӣ дар Озарбойҷон 9 нафарро ташкил медиҳад, ки миёни онҳо президенти амалкунандаи Озарбойҷон, раиси ҳизби ҳокими «Ени Озарбойҷон» Илҳом Алиев низ ҳузур дорад. Роҳбарони мухолифини Озарбойҷон пешбарии Илҳом Алиев ба мансаби президентӣ маротибаи сеюм пай дар пайро ғайриқонунӣ мешуморанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.