Вазорати кишоварзӣ: Комёбӣ дар ислоҳоти кишоварзӣ ба истифодаи имконоти занон вобаста аст

Дар барномаи ислоҳоти кишоварзии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 зикр мегардад, ки истеҳсолои кишоварзии мавҷуда дар ҷумҳурӣ фоидаовар ва пурмаҳсул нест. Дар барнома қайд мешавад, ки  истеҳсолоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ҷойҳои кории устуворро ташкил намекунад, ки ин ба муҳоҷирати оммавии аҳолии қобили меҳнат оварда расонидааст. «Имрӯз аз рӯи баҳодиҳии мавҷуда танҳо дар Федератсияи Россия қариб 1,2 […]

ASIA-Plus


Дар барномаи ислоҳоти кишоварзии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 зикр мегардад, ки истеҳсолои кишоварзии мавҷуда дар ҷумҳурӣ фоидаовар ва пурмаҳсул нест.

Дар барнома қайд мешавад, ки  истеҳсолоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ҷойҳои кории устуворро ташкил намекунад, ки ин ба муҳоҷирати оммавии аҳолии қобили меҳнат оварда расонидааст.

«Имрӯз аз рӯи баҳодиҳии мавҷуда танҳо дар Федератсияи Россия қариб 1,2 миллион муҳоҷирони тоҷик (асосан мардон) кор мекунанд. Дар бахши кишоварзӣ тақрибан 550 ҳазор нафар одамон кор мекунанд, ки онҳо 20 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро истеҳсол мекунанд. Қариб 70 фоизи аҳолӣ мустақиман ё ғайримустақим бо хоҷагии қишлоқ алоқамандӣ доранд», – таъкид мегардад дар барнома.

Муаллифони барномаи зикр мекунанд, ки аз сабаби дар сатҳи баланд қарор доштани муҳоҷират аксарияти аҳолии қобили меҳнатро дар деҳот занон ва пиронсолон ташкил медиҳанд. «Аз ин лиҳоз қисми зиёди корҳои хоҷагии қишлоқ аз ҷониби занон анҷом дода мешавад, ки дар бисёр ҳолат чун мардон аз ҳуқуқҳои худ, ба монанди андозаи саҳми замини хоҷагии деҳқонӣ, музди меҳнат, дастрасӣ ба маблағҳои молиявӣ ва қарзӣ истифода намебаранд. Инчунин нақши анъанавии зан дар сохтори иҷтимоӣ ба онҳо монеаҳо эҷод менамояд ва ӯ наметавонад дар баробари мардҳо аз ҳуқуқҳои худ ҳимоя намояд. Бинобар ин, хеле зарур аст, ки таваҷҷуҳи махсус ба талаботи занҳо оид ба дастрасии замин, хариду фурӯши он, воситаҳои молиявӣ ва инчунин тақвияти малакаю баландравии сатҳи маълумотнокии онҳо дода шавад, то ки дар баробари мардҳо занон низ аз имкониятҳое, ки дар чорчӯбаи ислоҳот пешниҳод мегардад, истифода бурда тавонанд», – омадааст дар барнома.

Гуфта мешавад, дар навбати худ муваффақ гаштани ислоҳоти кишоварзӣ асосан аз то кадом андоза амалӣ гаштани имкониятҳои захиравии занҳо ва риоя гаштани ҳуқуқҳои онҳо дар ҳама самтҳои пешниҳоднамудаи ислоҳот вобастагӣ дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.