Бохтар: 8 нафар аз ҳисоби маблағҳои ҳукумат ба ҳаҷ мераванд

Ҳукумати ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон 8 нафар сокинони ноҳияро аз ҳисоби маблағи худ ба адои маросими ҳаҷ раҳсипор мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳияи Бохтар Абдуалим Исмоилов хабар дод, ҳадафи ин иқдоми хайр дастгирии қишри камбизоати аҳолӣ аст. «Тамоми хароҷоти адои маросими ҳаҷҷи ин 8 нафарро маъмурияти ноҳия ба уҳда гирифт», – иброз дошт […]

Сайраҳмон Назриев


Ҳукумати ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон 8 нафар сокинони ноҳияро аз ҳисоби маблағи худ ба адои маросими ҳаҷ раҳсипор мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳияи Бохтар Абдуалим Исмоилов хабар дод, ҳадафи ин иқдоми хайр дастгирии қишри камбизоати аҳолӣ аст. «Тамоми хароҷоти адои маросими ҳаҷҷи ин 8 нафарро маъмурияти ноҳия ба уҳда гирифт», – иброз дошт ӯ.

Қобили зикр аст, ки имсол 145 нафар сокинони ноҳияи Бохтар ба зиёрати Хонаи Худо мераванд. Тӯли 22 соли истиқлолияти кишвар 780 нафар сокинони ноҳияи мазкур ба зиёрати макони муқаддаси Ислом мушарраф гардиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.