Даргузашти оҳангсози тоҷик Яхиел Сабзанов дар Ню-Йорк

Мусиқишиноси маъруф, оҳангсоз ва омӯзгори тоҷик Яхиел Сабзанов дар синни 84-солагӣ дар Ню-Йорк даргузашт. Ӯ соли 1929 дар Душанбе ба дунё омада, соли 1955 консерваторияи Тошкандро хатм намуд. Баъди бозгашт ба Тоҷикистон пас аз таҳсил Я.Сабзанов ҳамчун оҳангсоз, корманди театр ва омӯзгор дар Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи М.Турсунзода фаъолият дошт. Аз соли 1955 ӯ […]

ASIA-Plus


Мусиқишиноси маъруф, оҳангсоз ва омӯзгори тоҷик Яхиел Сабзанов дар синни 84-солагӣ дар Ню-Йорк даргузашт.

Ӯ соли 1929 дар Душанбе ба дунё омада, соли 1955 консерваторияи Тошкандро хатм намуд. Баъди бозгашт ба Тоҷикистон пас аз таҳсил Я.Сабзанов ҳамчун оҳангсоз, корманди театр ва омӯзгор дар Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи М.Турсунзода фаъолият дошт.

Аз соли 1955 ӯ ба ҳайси мудири қисми мусиқии театри драмавии ба номи Лоҳутӣ, солҳои 1959-1962 – сармуҳаррири идораи мусиқии телевизиони тоҷик, 1968-1969 – роҳбари бадеии Филармонияи Тоҷикистон, 1970-1973 – роҳбари дастаҳои ҳунармандони Кумитаи телевизиону радиои Тоҷикистон, аз соли 1980 – мудири кафедраи оҳангсозӣ, 1978-1980 – мудири кафедраи мусиқишиносӣ дар Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи М.Турсунзода ифои вазифа кардааст.

Соли 1989 Я.Сабзанов ба унвони Ҳунарманди халқии ҶШС Тоҷикистон мушарраф гардид. Соли 1992 профессор Сабзанов ба ИМА ҳиҷрат карда, дар шаҳри Ню-Йорк иқомат дошт.

Дар ҷамъомади видоъ бо оҳангсоз дар Квинси Ню-Йорк саҳми босазои ӯ дар рушди ҳунари мусиқии Тоҷикистон таъкид шуд. Бино ба навиштаи газетаи «The Bukharian Times», оҳангҳои эҷодкардаи Сабзанов ба шеърҳои «Аз қадат гардам», «Шаҳри ман», «Тӯёна», «Ишқ», «Ба дилбар» ва ғайра дар иҷрои ҳунармандон Шоиста Муллоҷонова, Борис Наматиев, Рафаэл Толмасов ба Фонди тилоии телевизиону радиои Тоҷикистон дохил шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.