Гумрук: Боздошти хеши наздики сафир Қоимдодов бо героин

Иттилои интишоршуда дар чанде аз ВАО доир ба дар фурудгоҳи Душанбе бо як миқдор героин боздошт шудани писари сафири Тоҷикистон дар Белорус Қозидавлат Қоимдодовро як манбаъи воломақом дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон рад кард. Ба қавли манбаъ, рӯзи 16-уми сентябр зимни тафтиши мусофирони хатсайри Душанбе-Маскав аз ҷониби кормандони гумрук ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии […]

ASIA-Plus


Иттилои интишоршуда дар чанде аз ВАО доир ба дар фурудгоҳи Душанбе бо як миқдор героин боздошт шудани писари сафири Тоҷикистон дар Белорус Қозидавлат Қоимдодовро як манбаъи воломақом дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон рад кард.

Ба қавли манбаъ, рӯзи 16-уми сентябр зимни тафтиши мусофирони хатсайри Душанбе-Маскав аз ҷониби кормандони гумрук ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафар боздошт шудаанд, ки яке аз онҳо хеши наздики сафири тоҷик мебошад.

«Вале ин шахс писари ӯ нест. Қоимдодов як писар дорад, ки бемор аст. Боздоштшуда тағо (амак) ё бародари Қоимдодов аст. Мо инро муайян карда истодаемм», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, 2,5 кило героин дар пинҳонгоҳи ҷомадони яке аз боздоштшудагон дарёфт шудааст. Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш ҷараён дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.