Фестивали байнулмилалии хайриявии хӯроку таомҳои миллӣ дар Душанбе

Дар маркази «Ёқут-2000»-и шаҳри Душанбе Фестивали байнулмилалии хайриявии хӯроку таомҳои миллӣ ҷараён дорад, ки бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Маҳфили сафирони Душанбе ва Маҳфили иҷтимоии Душанбе созмон дода шуд. Ҳайати корпусҳои дипломатӣ, намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ва дигар созмонҳои хориҷии муқими шаҳри Душанбе дар чорабинии мазкур иштирок доранд. Дар фестивал таому хӯрокҳои маъмулии миллии сокинони […]

ASIA-Plus


Дар маркази «Ёқут-2000»-и шаҳри Душанбе Фестивали байнулмилалии хайриявии хӯроку таомҳои миллӣ ҷараён дорад, ки бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Маҳфили сафирони Душанбе ва Маҳфили иҷтимоии Душанбе созмон дода шуд.

Ҳайати корпусҳои дипломатӣ, намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ва дигар созмонҳои хориҷии муқими шаҳри Душанбе дар чорабинии мазкур иштирок доранд.

Дар фестивал таому хӯрокҳои маъмулии миллии сокинони Чин, Ҷопон, Украина, Русия, Қатар, Қазоқистон, Қирғизистон, Олмон, Арабистони Саъудӣ, Эрон ва Покистон ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Тамошогарони фестивал муддати тамоми рӯз имкон доранд, ки бо нархҳои дастрас аз таому хӯрокҳои миллии халқҳои гуногуни ҷаҳон тановул намоянд. Ба қавли созмондиҳандагони фестивал, маблағе, ки аз ин чорабинӣ ба даст меояд, барои кӯмаки ятимхонаҳо сарф карда мешавад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.