Футболбозони навраси тоҷик бо тими Ҳиндустон қувваозмоӣ мекунанд

Дар мусобиқоти интихобии Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) имрӯз бозии нахусти дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Ҳиндустон баргузор мешавад. Ин вохӯрӣ соати 18:50 бо вақти маҳаллӣ оғоз мегардад. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, вохӯриҳои дигари дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» рӯзҳои 23-юми сентябр бо дастаи Бутан, рӯзи 27-уми сентябр бо дастаи […]

ASIA-Plus


Дар мусобиқоти интихобии Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) имрӯз бозии нахусти дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Ҳиндустон баргузор мешавад. Ин вохӯрӣ соати 18:50 бо вақти маҳаллӣ оғоз мегардад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, вохӯриҳои дигари дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» рӯзҳои 23-юми сентябр бо дастаи Бутан, рӯзи 27-уми сентябр бо дастаи Қувайт ва рӯзи 29-уми сентябр бо дастаи Лубнон доир мегарданд.

Ёдрас мекунем, ки вохӯриҳои давраи инихобии Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) дар гурӯҳи «А» аз 21 то 29-уми сентябр баргузор мешаванд. Ҳамаи вохӯриҳо дар варзишгоҳи Алӣ Сабоҳ Ал-Салом дар Ал-Қувайт доир мегарданд.

Ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин аз ҳисоби тимҳои зинаи дуюмро ишғолнамуда ба даври финалии Чемпионати Осиё роҳ меёбанд. Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) соли оянда дар Тайиланд баргузор мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.