ИҶТ Э.Раҳмонро номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ намуд

Дар анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (ИҶТ), ки имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт доир гардид, президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон маротибаи навбатӣ якдилона ба сифати номзад ба мансаби сарвари давлат дар интихобот пешбарӣ шуд. Дар рӯйхати довталабони имконпазир номзадии Эмомалӣ Раҳмон ягона буд. Қаблан муовини раиси ИҶТ Кабирҷон Ҷӯраев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор намуда […]

ASIA-Plus


Дар анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (ИҶТ), ки имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт доир гардид, президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон маротибаи навбатӣ якдилона ба сифати номзад ба мансаби сарвари давлат дар интихобот пешбарӣ шуд.

Дар рӯйхати довталабони имконпазир номзадии Эмомалӣ Раҳмон ягона буд. Қаблан муовини раиси ИҶТ Кабирҷон Ҷӯраев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор намуда буд, ки ИҶТ шояд аз рӯйхати 10 нафар довталабони шоиста номзади худ ба мансаби президентиро интихоб намояд.

Дар кори анҷумани пешазинтихоботии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон вакилон аз 72 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Қобили зикр аст, ки дар маъракаи интихоботи президентии соли 2006 низ ИҶТ якдилона номзадии президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмонро пешбарӣ намуда буд.

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ташкилоти мустақили ҷамъиятиву сиёсӣ буда, 12-уми октябри соли 1991 таъсис дода шуд. Мақоми олии ИҶТ анҷумани он мебошад. Шиори ИҶТ – «Барои ваҳдат ва пешравӣ дар Тоҷикистон» аст.

Ҳамин тариқ, то имрӯз 6 нафар – аз Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон, аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ раиси ҳизб Олимҷон Бобоев, аз Ҳизби сотсиалистӣ раиси он Абдуҳалим Ғаффоров, аз Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, аз Ҳизби демократ раиси он Саидҷаъфар Исмонов ва аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон дар ҳайати ҲНИТ ва ҲСДТ Ойниҳол Бобоназарова номзад ба мансаби президентӣ дар интихоботи қарибулвуқӯъ пешбарӣ шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.