Даъвати ҲКТ оид ба дастгирии ташаббуси Путин дар қазияи Сурия

Ба муносибати 70-солагии пешвои худ, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шодӣ Шабдолов чанде қабл Ҳизби коммунисти Тоҷикистон конфронси илмиву амалӣ доир намуд. Аз тамоми манотиқи кишвар коммунистон дар пойтахт гирдиҳам омаданд. Дар конфронс зикр гардид, ки Шодӣ Шабдолов шахсияти маъруф дар ҷумҳурӣ ва хориҷи он шинохта шуда, ленинчии матинирода ва ҷонибдори муттаҳидии аҳзоби коммунистӣ дар […]

Аваз Юлдошев


Ба муносибати 70-солагии пешвои худ, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шодӣ Шабдолов чанде қабл Ҳизби коммунисти Тоҷикистон конфронси илмиву амалӣ доир намуд.

Аз тамоми манотиқи кишвар коммунистон дар пойтахт гирдиҳам омаданд. Дар конфронс зикр гардид, ки Шодӣ Шабдолов шахсияти маъруф дар ҷумҳурӣ ва хориҷи он шинохта шуда, ленинчии матинирода ва ҷонибдори муттаҳидии аҳзоби коммунистӣ дар паҳнои пасошӯравӣ боқӣ мемонад.

Муовини аввали ӯ, вакили палатаи поёнии парлумон ва акнун номзад ба мансаби президентӣ аз ҲКТ Исмоил Талбаков ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита ёдовар шуд, ки сиёсатмадори варзида Шодӣ Шабдолов тамоми марҳилаҳои фоҷеабори расидан ба истиқлолияти кишварро тай намудааст.

«Ӯ ҳизби моро дар солҳои душвортарини фаъолияти он, солҳои пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, даргириҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки на ҳар касе худро коммунист гуфта метавонисту барои мансубият ба ин ҳизб метавонистанд аз ҳаёт маҳрум созанд, роҳбарӣ кард», – иброз дошт Исмоил Талбаков.

Ба қавли ӯ, коммунистони тоҷик ҳамчунин «вазъ дар Сурияро мавриди баррасӣ қарор дода, бо даъват аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои Русия ва сарвари он Владимир Путин бобати ноил гардидан ба сулҳу созиш дар ин кишвар, изҳорот қабул намуданд».

Шодӣ Шабдолов 17 октябри соли 1943 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ – ро бо ихтисосҳои муҳандис – энергетик, сиёсатшинос ва иқтисодшинос хатм намудааст, номзади илмҳои иқтисодӣ.

Дар вазифаҳои омӯзгори Техникуми энергетикии шаҳри Қӯрғон – теппа, сармуҳандиси корхонаҳои шабакаҳои барқӣ ва стансияҳои барқии ш. Хоруғ, мудири шӯъбаи саноату нақлиёти Кумитаи ҳизбии ВМКБ, инструктори шӯъбаи ташкилии Кумитаи марказии ҲKТ, мушовири КМ ҲКИШ дар назди Ҳизби халқӣ – демократии Афғонистон, муовини мудири шӯъбаи саноати КМ ҲKТ, котиби якуми Кумитаи ҳизбии ш. Хоруғ, муовини мудири шӯъбаи ташкилӣ ва Котиби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Депутати халқ ва вакили халқи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон даъватҳои ёздаҳум (1985 – 1990) ва дувоздаҳум (1990 – 1995), вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум (1995 – 2000) ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватҳои дуюм (2000 – 2005) ва сеюм (2005 – 2010). Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия. Узви Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагон.

Дорандаи ордени «Нишони фахрӣ», медалҳои Иттиҳоди Шуравӣ, Тоҷикистон ва Афғонистон, медали ҷашнии «20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Грамотаи фахрии Президуми Совети Олии РСС Тоҷикистон.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон