Даъвати ситоди Бобоназарова оид ба чопи варақаҳои интихоботӣ дар нашриёти хусусӣ

– Вақте варақаҳои интихоботӣ дар нашриёти ба Дастгоҳи иҷроияи президенти мамлакат зертобеъи «Шарқи озод» ба чоп мерасанд, дар бораи демокративу шаффоф будани интихобот ҳарф задан ҳадди ақал соддалавҳонаву хандаовар аст, – иброз дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбари ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби президентӣ аз ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова, муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит. […]


– Вақте варақаҳои интихоботӣ дар нашриёти ба Дастгоҳи иҷроияи президенти мамлакат зертобеъи «Шарқи озод» ба чоп мерасанд, дар бораи демокративу шаффоф будани интихобот ҳарф задан ҳадди ақал соддалавҳонаву хандаовар аст, – иброз дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбари ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби президентӣ аз ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова, муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит.

Ба гуфтаи ӯ, таҷрибаи чопи варақаҳои интихоботӣ дар маъракаи интихоботи парлумонии соли 2010 дар нашриёти «Шарқи озод» нишон дод, ки ҷараёни чоп бидуни назорати аҳзоби сиёсӣ, аҳли ҷомеа ва танҳо таҳти назорати мақомоти давлатӣ сурат гирифт.

«Тасаввур намоед, дар «Шарқи озод» варақаҳоро бидуни ҳама гуна назорат чоп карданд ва ҳеҷ касе огаҳӣ надорад, ки маводи заминавии он нест шудааст ё на ва ё оё шумори бештари ин варақаҳо ба чоп нарасидааст», – зикк кард Ҳайит.

Дар идома номбурда таъкид дошт, ки нашри  варақаҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар мувофиқи мақсад буда, агар он аз ҷиҳати моддӣ серхароҷот бошад, метавон онро дар нашриёти хусусии дохили ҷумҳурӣ ба чоп расонид ва ин ҳам дар ҳолест, ки заминаи моддиву техникии чанде аз нашриёти хусусӣ аз «Шарқи озод» хеле хубтар аст.

Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки то имрӯз раисони беш аз 20 шаҳру навоҳӣ бо баҳонаҳои гуногун ба ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзад О.Бобоназарова монеъаҳо эҷод мекунанд.

«Раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон изҳор намуд, ки вобаста ба шумори аъзои ҲНИТ дар ноҳия ба ҳамин шумор варақаҳои ҷамъоварии имзоҳоро тасдиқ мекунад», – афзуд М.Ҳайит.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.