Сайёҳони пиёдаи Хатлон аз ВКХ ва КМО кӯмак дархост намуданд

Турко Дикаев

Сайёҳони пиёдаи тоҷик аз вилояти Хатлон Азиз Раҷабови 65-сола маъруф ба «Ҳоҷӣ-пиёда» ва ҳамсафари ӯ Раҷабалӣ Сулаймонови 51-сола, ки аллакай муддати 4,5 моҳ дар қораи Осиё саёҳат доранд, тавассути ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои хориҷӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон кӯмаки таъҷилӣ дархост намуданд. Тавре Азиз Раҷабов тавассути телефон аз Аморати Муттахидаи Араб ба хабарнигори […]


Сайёҳони пиёдаи тоҷик аз вилояти Хатлон Азиз Раҷабови 65-сола маъруф ба «Ҳоҷӣ-пиёда» ва ҳамсафари ӯ Раҷабалӣ Сулаймонови 51-сола, ки аллакай муддати 4,5 моҳ дар қораи Осиё саёҳат доранд, тавассути ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои хориҷӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон кӯмаки таъҷилӣ дархост намуданд.

Тавре Азиз Раҷабов тавассути телефон аз Аморати Муттахидаи Араб ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, баъди бозгашт аз зиёрати қабри Ҳазрати Одам дар Шри-Ланка (Сарандеби қадим), дар пойтахти Ҳиндустон Кумитаи миллии олимпии ин кишвар ва актёри маъруфи ҳиндӣ, сиёсатмадор, продюсер ва ровии телевизион барои онҳо раводиди ройгон ба аморати Дубайро ташкил намуда, онҳо тавассути ҳавопаймо ба он ҷо раҳсипор шудаанд.

«Айни замон мо ба амортаи Абу-Дабӣ раҳсипор буда, бидуни кӯмаки ВКХ ва КМО ҶТ дар он ҷо ба бунбаст дучор мегардем, зеро барои ворид шудан ба Арабистони Саъудӣ раводид зарур аст», – иброз дошт ӯ ва таъкид намуд, ки чанд сол пеш ВКХ дар ҳамин ҳолат ба онҳо ёрӣ расонида буд.

Сайёҳон мутмаинанд, ки ин дафъа низ ВКХ ҶТ ба онҳо кӯмак мерасонад. Онҳо ният доранд, ки дар консулгарии Тоҷикистон дар АМА худро ба қайд гузошта, «хабарҳои хуш аз Ватанро интизор хоҳанд буд». «Шумо танҳо Ҳамрохон Зарифиро аз вазъи мо огоҳ кунед ва ӯ ҳатман ба мо кӯмак мераоснад», – дархост кард ҳоҷӣ Азиз Раҷабов.

Ёдрас мекунем, ки сафари ин сайёҳон 15-уми майи соли ҷорӣ бо зиёрати оромгоҳи файласуф ва шоир Мирсаид Алии Ҳамадонӣ аз Кӯлоб оғоз гардида, сипас онҳо пиёда бо хатсайри Кӯлоб-Душанбе – Қӯрғонтеппа – Панҷи Поён – Шерхон Бандар (Афғонистон) – Покистан – Ҳиндустон – Шри-Ланка ба сафар идома доданд. Ба барномаи сафар акнун ҳаҷҷи пиёда низ ворид гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ревоҷ, сиёҳалаф, пудина… Алафу гиёҳҳои баҳорӣ дар Тоҷикистон ва фоидаи онҳо ба саломатӣ

Дар бораи то чӣ андоза муфид будани онҳо барои солимии шахс маълумот медиҳем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Моҳрухсор Сафиева то даргузашти Иқбол Тешаев ва Рӯзи ҷаҳонии ахлоқ

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.