Ҳ.Зарифӣ нусхаи эътимодномаҳои сафирони Русия ва Қатарро қабул кард

ASIA-Plus

Рӯзи 27 сентябри соли 2013 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ нусхаи эътимодномаи сафири Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фроловро қабул кард. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат, ки баъди маросими расмӣ доир гардид, тарафҳо оид ба вазъи имрӯза ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байни Тоҷикистон ва Россия, ба роҳ […]


Рӯзи 27 сентябри соли 2013 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ нусхаи эътимодномаи сафири Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фроловро қабул кард.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат, ки баъди маросими расмӣ доир гардид, тарафҳо оид ба вазъи имрӯза ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байни Тоҷикистон ва Россия, ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои сиёсӣ, ҳарбию техникӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию гуманитарӣ табодули назар намуданд.

Ҷонибҳо аз ҷумла қайд карданд, ки раванди таҳкиму густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия дар асоси принсипҳои шарикии стратегӣ идома ёфта, минбаъд низ бо назардошти манфиатҳои ҳарду ҷониб ҷиҳати амалисозии қарордодҳое, ки дар сатҳи олӣ ба даст омадаанд, сурат хоҳанд гирифт.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ изҳори умедворӣ намуд, ки Сафири кишвари дӯст дар рафти адои вазифаи худ барои таҳким ва инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия саҳми сазовору назаррас хоҳад гузошт.

Ҳамчунин ҳамин рӯз дар бинои Вазорати корҳои хориҷӣ маросими супоридани нусхаи эътимодномаи аввалин сафири муқими Давлати Қатар дар Тоҷикистон Алӣ ибни Муборак ал-Муҳаннадӣ ба вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ баргузор гардид.

Пас аз анҷоми маросим мулоқоти Вазир бо ал-Муҳаннадӣ доир шуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо бо қаноатмандӣ таъкид карданд, ки муносибатҳо байни ду кишвар дар сатҳи ниҳоят баланд қарор доранд. Дар чунин сатҳи баланд қарор доштани муносибатҳо сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар ва Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2007 заминаи мусоид гузоштанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо таъйини аввалин Сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳо байни ду кишвар, махсусан дар соҳаи иқтисод ва тиҷорат таҳкими бештар хоҳад ёфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.