Анҷоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт

Нимаи дуюми рӯзи ҷумъа зимни сафари корӣ ба гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт президенти мамлакат аз ноҳияи Тавилдара боздид намуда, нахуст дар маросими ба истифода супурдани бинои нави Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Тавилдара иштирок намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президенти мамлакат ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дастуру ҳидоят дод, ки дар иҷрои вазифаҳои […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми рӯзи ҷумъа зимни сафари корӣ ба гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт президенти мамлакат аз ноҳияи Тавилдара боздид намуда, нахуст дар маросими ба истифода супурдани бинои нави Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Тавилдара иштирок намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президенти мамлакат ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дастуру ҳидоят дод, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ садоқатмандона ва бо масъулияти баланд фаъолият намоянд.

Дар идома сарвари давлат ҳамчунин ба фаъолияти варзишгоҳи марказии ноҳияи Тавилдара ифтитоҳи расмӣ бахшид. Ин варзишгоҳ дар канори рӯди Хингоб дар масоҳати 2 ҳазору 584 метри муррабаъ сохта шудааст. Варзишгоҳи марказии ноҳияи Тавилдара, бо маблағи 4 миллиону 500 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ сохта шуда, дорои қариб 4 ҳазор чойи нишаст мебошад.

Сипас дар маркази ноҳияи Тавлидара бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон бинои муҳташами Кохи фарҳанг мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти мазкур дар давоми 2 сол бо харҷи 6 милиону 500 ҳазор сомонӣ бунёд шуда, аз ду ошёна ва таҳҳонаи дорои шароити мусоиди корӣ ва толори барҳаво барои қариб 500 ҷойи нишаст иборат аст.

Президенти Тоҷикистон дар толори барҳавои Кохи фарҳанг бо фаъолони ноҳияи Тавлидара мулоқот анҷом дод. Зимни суханронӣ сарвари давлат изҳор намуд, ки ноҳияи Тавилдара зода ва ҳамқадами замони истиқлолият буда, дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи таваҷҷуҳи хосаи ҳукумати кишвар ба ин гӯшаи диёр ва заҳмати софдилонаву ватандӯстонаи сокинон кӯчаву хиёбон ва раставу гулгаштҳои маркази ноҳия зебову дилкаш гардида, биноҳои зебову замонавӣ қомат афрохтаанд.

Шоми рӯзи ҷумъа сафари серӯзаи кории президенти Тоҷикистон ба гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт ба анҷом расида, Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе баргашт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.